ИҶЛОСИЯИ ҲАБДАҲУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН, ДАЪВАТИ ШАШУМ БАРГУЗОР ГАРДИД

25 декабри соли ҷорӣ тибқи нақшаи муқарраргардида дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо иштироки раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, вакилон, раисони ҷамоатҳои деҳот, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳо, шахсони ба масъалаҳои иҷлосия дахлдор ва намояндагони васоити ахбори умум иҷлосияи ҳабдаҳуми маҷлиси вакилони халқи шаҳри Истаравшан, даъвати шашум баргузор гардид.

Пас аз садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Адҳам Маъмурзода, вакил аз ҳавзаи интихоботии “Ниҷонӣ-2” №31 ба кори иҷлосия оғоз бахшид.

Бо назардошти иловаи масъалаҳо рўзномаи Маҷлис тасдиқ карда шуд.

Аз рўи масъалаи якуми рўзнома ҳисоботи раиси шаҳр оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр дар ёздаҳ моҳи соли 2023 пешниҳоди ҳозирин карда шуд. Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаҳои интихоботии “Оли Сомон” №5 Олимҷонзода Толиб Ҳомид, “Зарнисор” №28 Аббосзода Далерҷон Аббос ва сардори раёсати маорифи шаҳр Аминзода Сулҳиддин ба музокира баромада, паҳлуҳои гуногуни ҳисоботро таҳлил ва онро қаноатбахш арзёбӣ карданд.

Аз рӯи масъалаи дуюми рўзнома оид ба тасдиқи буҷети шаҳр барои соли 2024 ва оид ба иҷрои буҷети шаҳр дар соли 2022 ҳисоботи сардори раёсати Вазорати молия дар шаҳр Мансурӣ Шӯҳрат шунида шуд.

Дар идомаи иҷлосия раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба масъалаҳои ислоҳоти иқтисодӣ ва буҷет, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии “Қалъачаи Калон” №19 Ҳасанов Ҷамшед ва вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба иҷрои ваколатҳои вакилӣ аз ҳавзаи интихоботии “Гули Сурх” №20 Рустам Фахриддин ҳисобот дода, ба инобат гирифта шуд.

Аз рўи рўзнома инчунин меъёрҳои андоз ва пардохтҳои ҳатмии алоҳида дар шаҳри Истаравшан бо мақсади таъмини иҷрои сифатноки нақшаи қисми даромади буҷети шаҳри Истаравшан дар соли 2024 тасдиқ карда шуд.

Дар идомаи маҷлис як қатор нақшаҳои муфассали тарҳрезӣ вобаста ба самти сохтмон мавриди баррасӣ қарор дода шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Ҳамзамон ба маълумоти аҳли нишаст расонида шуд, ки бо хоҳиши худ вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд даъвати шашум аз ҳавзаи интихоботии Истаравшан №32 Исломзода Мадина ва аз ҳавзаи интихоботии Қалъачаи Калон №35 Додобоев Кенҷабой ваколатҳои вакилии худро қатъ намуданд. Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоби вакил ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд даъвати шашум вазифадор карда шуданд, ки ба ивази вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии зикргардида интихобот баргузор намоянд.

Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз рўи масъалаи дигари рӯзнома қарорҳои раиси шаҳр оид ба тағйироти кадрӣ ба тасвиб расида ва 23 қарорҳои раиси шаҳрро оид ба масъалаҳои маблағгузории чорабиниҳои иҷтимоӣ – фарҳангӣ ва ташкили фаъолияти ташкилотҳои буҷетӣ аз ҳисоби буҷет аз 26 сентябр то 25 декабри соли 2023 тасдиқ намуданд.

Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз рӯи рўзномаи иҷлосия масъалаҳоро мавриди баррасӣ қарор дода, қарорҳои дахлдорро қабул намуданд.

Инчунин, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ дар кори иҷлосия баромад намуд.

Дар фарҷоми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Адҳам Маъмурзода қайд намуд, ки сокинони шаҳри Истаравшани бостонӣ ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода тамоми чораҳоро роҳандозӣ намуда, ҷиҳати ободонии кишвари азизи худ саҳмгузор мегарданд.

Бо ҳамин иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати шашум ба кори худ анҷом бахшид.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*