ҶОМИ РАИСИ ШАҲР НАСИБИ ДАСТАИ “АБДУРАҲМОН” ГАРДИД

Моҳи ноябри соли ҷорӣ ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд барои дарефти Ҷоми раиси шаҳри Истаравшан оғоз гардида буд.

Дар ин муддат 14 даста миени худ рақобат карда, дастаҳои “Ҷавоҳирот” ва “Абдураҳмон” ба финал роҳхат гирифтанд.

Бозии ҷамъбастӣ шоми 26 декабр доир гардида, дастаи “Абдураҳмон” бо натиҷаи 3:2 бар дастаи “Ҷавоҳирот” ғалаба ба даст овард ва Ҷоми раиси шаҳри Истаравшанро соҳиб гардид.

Дар бозии ҷамъбастӣ раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ширкат варзида, якҷо бо собиқадорони соҳаи футболи шаҳр ғолибонро шодбош ва Ҷоми раиси шаҳр, медалу ифтихорнома ва маблағҳои пулиро тақдим намуд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*