Иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум

Иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум

29 сентябри соли 2021 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум баргузор гардид.
Иҷлосия бо сухани ифтитоҳии Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят, Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода оғоз ёфт ва сипас тибқи рӯзнома гузориши муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2019, №644 “Дар бораи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022” шунида шуд.
Таъкид карда шуд, ки дар асоси қарори зикршуда қарори дахлдори Раиси вилояти Суғд аз 5 феврали соли 2020, №57 ба тасвиб расида, баҳри амалӣ намудани Барномаи мазкур аз ҷониби масъулони соҳа як қатор чораҳо андешида шуд.
Давоми соли 2020 ба сохторҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 43074 нафар шаҳрвандон бо масъалаҳои гуногун муроҷиат намуданд. Дар натиҷа дар доираи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ 20287 нафар бекорон бо ҷои корӣ таъмин карда шуданд, ки танҳо аз ҳисоби вакансияҳо 17790 нафарро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин 1721 нафар шаҳрвандон тавассути квота бо кор таъмин гардида, ҷиҳати оғози фаъолияти соҳибкории хурд ва таъмин шудан бо ҷои корӣ ба 776 нафар бекорон ба маблағи 2 миллиону 394,8 ҳазор сомонӣ дар самтҳои тиҷоратӣ, истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шуд. Аз ҷумла, ҷиҳати рушди ҳунарҳои мардумӣ низ ба 227 нафар ба маблағи 696,4 ҳазор сомонӣ чунин қарзҳо пардохта шудааст.
Дар ин давраи фаъолият 1300 нафар шаҳрвандони бекор ба корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар гардида, 3500 нафар муроҷиаткунандагон аз рӯи 36 номгӯи ихтисосҳои мувофиќ ба талаботи бозори меҳнат ройгон ба касбомӯзӣ ҷалб карда шуданд.
Соли 2020 аз буҷети барномаи мазкур аз ҳисоби шаҳрвандони муроҷиатнамуда ба 3413 нафар бекорон ба маблағи 1 миллиону 611,9 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ пардохт гардидааст. Аз ҷумла, ба 846 нафар аз маҳбас озодшудагон ба маблағи 511,1 ҳазор сомонӣ, ба 2542 нафар ҷавонони аз сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рухсатшуда ба маблағи 1 миллиону 40,9 ҳазор сомонӣ, ба 19 нафар шахсони аз кор ихтисоршуда ба маблағи 36,9 ҳазор сомонӣ ва ба 6 нафар шахсони шартномаи меҳнатиашон қатъшуда 22,9 ҳазор сомонӣ чунин кӯмакҳо пардохт карда шудааст.
Амалигардонии «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022» дар соли 2021-ум низ бо маром идома дошта, давоми ҳашт моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби муроҷиаткунандагон ба сохторҳои меҳнат ва шуғли аҳолӣ шумораи муайяни сокинони вилоят ба касбу ҳунаромӯзӣ ва шуғли муайян сафарбар гардиданд.
Мувофиқи «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» соли 2021 дар вилоят бо ҷойи корӣ таъмин намудани 18900 нафар шаҳрвандони корҷӯй ва бекор ба нақша гирифта шудааст. Ба ҳолати 25 августи соли 2021 аз ҷониби мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ба 13392 нафар барои бо ҷойи корӣ таъмин шудан мусоидат карда шуд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз шумораи умумии бо ҷои корӣ таъминшудагон тавассути муроҷиати бевосита ба мақомот ва гузаронидани ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ 11678 нафар, тавассути квотаҳо 1164 нафар ва бо роҳи додани қарзҳои имтиёзноки соҳа 550 нафарро ташкил медиҳад.
Лозим ба ёдоварист, ки давоми ҳашт моҳи соли 2021 бо мақсади бо кор таъмин намудани корҷӯён, бекорон ва муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта 193 ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ баргузор карда шуд ва дар ин ярмаркаҳо корхонаю ташкилотҳо иштирок намуда, ҷойҳои кории холиро ба шаҳрвандон пешниҳод намуданд. Дар натиҷа тавассути ин ярмаркаҳо 3426 нафар бекорон ба намудҳои гуногуни шуғл фаро гирифта шуданд.
Аз оғози соли ҷорӣ то ин дам ҷиҳати оғози фаъолияти соҳибкории хурд ва таъмин шудан бо шуғли муайян ба 550 нафар шаҳрвандони бекор ба маблағи 1 миллиону 841,9 ҳазор сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дастрас карда шуд. Шаҳрвандони бекор қарзҳои мазкурро ба муҳлати аз 1 то 1,5 сол гирифта, аз рӯи се самти фаъолият яъне тиҷоратӣ, истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ машғули кор мебошанд.
Сипас, дигар масъалаҳои рӯзнома баррасӣ шуда, вобаста ба ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд оид ба масъалаҳои сохтмон, саноат, нақлиёту алоқа, хоҷагии роҳ ва хоҷагии рифоҳӣ, тасдиқ намудани қарорҳои Раиси вилоят, ворид намудани тағйирот ба буҷети вилоятӣ барои соли 2021 ва ғайраҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

     

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*