МАҲФИЛИ АДАБӢ – ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА РӮЗИ МАВЛОНО ҶАЛОЛЛИДДИНИ БАЛХӢ

МАҲФИЛИ АДАБӢ – ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА РӮЗИ МАВЛОНО ҶАЛОЛЛИДДИНИ БАЛХӢ

30 сентябри соли ҷорӣ дар майдони “Парчами давлатӣ”-и шаҳри Истаравшан маҳфили адабӣ-фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Мавлоно Ҷалоллиддини Балхӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.
Дар маҳфили адабӣ-фарҳангӣ мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Парвиз Зафарзода, сардори раёсати маорифи шаҳр Пӯлотова Гулрӯ, омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр, ҷавонону наврасон, адибони ҷавон ва намояндагони васоити ахбори омма ширкат варзиданд.
Нахуст сардори раёсати маорифи шаҳр Пулотова Гулрӯ сокинони сарбаланди шаҳри Истаравшани бостониро бо ин рӯзи фархунда шодбош гуфта, паёми табрикотии раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ба муносибати Рӯзи Мавлоно Ҷалоллиддини Балхиро ба саҳми ҳозирин расонид. Зикр гардид, ки бузургдошт ва арҷгузорӣ ба мақом, осори адабӣ ва зиндагиномаи яке аз адибони соҳибдевон, алломаи миллати тоҷик Ҷалолиддини Балхӣ боиси ифтихор аст, зеро шахсият ва осори ин шахси оламшумул нишони ҷовидонии тамаддун ва андешаи миллӣ маҳсуб меёбад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати хирадмандонаву дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи арҷ гузоштан ба гузаштаи пурифтихор, гиромӣ доштани таъриху фарҳанги ғании аҷдодӣ, таҷлили солгарду зодрӯзи шахсиятҳои таърихию бузургони илму ирфону адаб ва дар ҳамин замина бедор намудани рӯҳияи худшиносию худогоҳӣ ва эҳсоси баланди шаҳрвандии сокинони кишвар аҳамият дода, ин амали хайрро ҷузъи муҳими барномаи сиёсати фарҳангии кишвар қарор додааст.
Бигзор бо омӯзишу тарғиби осор ва зиндагиномаи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҷомеаи мо барои боз ҳам бештар гиромӣ доштани анъанаҳои неки миллӣ, шинохти осори адабӣ ва забони модарӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд ва дар бунёди ҷомеаи аз ҷиҳати маънавӣ пешрафтаву сиҳибмавқеъ саҳми амиқ гузоранд.
Сипас дар рафти баргузории маҳфили адабию фарҳангӣ аз ҷониби хонандагон, адибони ҷавон, мухлисон ва ҳунармандони бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ғазалҳо ва сурудҳо аз эҷодиёти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ пешкаши ҳаводорони илму адаб ва аҳли нишаст гардида, маҳфили мазкур хеле ҷолиб ва хотирмон доир гардид.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

    

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*