Консерти ҳисоботии Мактаби санъат

Консерти ҳисоботии “Мактаби санъат”-и шаҳри Истаравшан дар қасри фарҳанг баргузор шуд.
Дар консерт ҳунармандони ҷавони мактаб бо намоишҳои ҷолиб, сурудхонӣ ва навозиши мусиқии гуногун бо асбобҳои миллӣ ва хориҷӣ баромад намуданд.
Мактаби санъати шаҳр дорои 5 шӯъба буда, омӯзгорони варзида ба наврасон навохтани созҳои миллӣ, созҳои хориҷӣ, сурудхонӣ, маҳорати актёрӣ ва рассомиро меомӯзонанд. Ҳоло дар ин мактаб 212 нафар наврасону ҷавонон таҳсил намуда ҳунари худро инкишоф намуда истодаанд.

 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*