КОНФРОНСИ АДАБӢ-ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 70 – СОЛАГИИ АЪЛОЧИИ МОЛИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН КАРАМУЛЛО ОДИЛОВ

КОНФРОНСИ АДАБӢ-ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 70 – СОЛАГИИ АЪЛОЧИИ МОЛИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН КАРАМУЛЛО ОДИЛОВ
18 майи соли равон дар «Кохи Фирдавсӣ»-и шаҳри Истаравшан конфронси адабӣ-фарҳангӣ бахшида ба 70 – солагии чеҳраи шинохта, фарзанди барӯманди диёр, корманди шоистаи Тоҷикистон, Аълочии молияи Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Иттифоқи журналистони ҷумҳурӣ, аъзои фаъоли Шӯрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва муовини раиси Шӯрои собиқадорони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Карамулло Одилов баргузор гардид.
Дар конфронс раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода, муовинони раиси шаҳр, намояндаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр, собиқадорони меҳнати раёсати молияи шаҳр, собиқадорони меҳнат Зӯҳро Шодиева, Муним Холиқов, дӯстон, наздикону пайвандон ва ҳамсабақони соҳибҷашн ширкат варзиданд.
Нахуст раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода соҳибҷашнро ба муносибати ҷашни зодрӯз ва синни мубораки 70 – солагӣ сидқан шодбош гуфта, ба эшон саломатии бардавом, саодати рӯзгор ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно намуд. Зикр дошт, ки шукргузорӣ аз даврони Истиқлоли кишвар ва Вахдати миллӣ, ки дар чунин рузҳои тинҷиву осоиштагӣ Шумо шахси бузург ба синни мубораки 70-солагӣ қадам мегузоред ва мавлуди муборакатонро дар иҳотаи ёру дустон, наздикону пайвандон қайд намуда истодаед. Бо ифтихормандӣ қайд менамоям, ки Шумо дар тӯли фаъолияти бисёрсолаатон дар соҳаи молия ва бонкдорӣ дар вилоят ва шаҳр саҳми сазовор гузоштаед.
Шумо тавонистед дар тӯли ин солҳо баҳри ғанӣ гардонидани хазинаи давлат, самараноку мувофиқи мақсад истифодабарии захираҳои молиявӣ, пешгирӣ намудани қонуншиканиҳои интизоми молиявӣ, роҳ надодан ба вайронкуниҳои интизоми ҳисоботӣ ва омодасозии таклифу пешниҳодҳои мушаххас бобати такмил додани идоракунии молияи давлатӣ, тарбияи мутахассисони баландихтисоси соҳаи молияву бонкдорӣ ва хизмати давлатӣ, нақши бориз гузоред. Ин ҳама меҳнатҳои шабонарӯзиатон барои бедор намудани ҳисси ватанпарастии ҷавонону наврасон мактаби зиндагӣ ба шумор меравад.
Бори дигар, дар ин рӯзи хотирмон ба Шумо сиҳатмандию сарбаландиро таманно намуда, хоҳони онам, ки ҳамеша аз давлату даврони бегазанди пири баҳравар бошед!” – афзуд раиси шаҳри Истаравшан.
Сипас намояндаи Сарраёсати молияи вилояти Суғд Усмонзода Махсудҷон соҳибҷашнро бо 70-умин солгарди умраш табрик намуда, паёми табрикотии сардори Сарраёсати вилояти Суғд Мирзозода Анвар Сайфиддиновро ба самъи ҳозирин расонид.
Дар идома собиқадори меҳнати раёсати молияи шаҳр Исроил Қӯзиев, собиқ Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамсабақи соҳибҷашн Музафаров Анваршоҳ Музаффарович ва аввалин устоду аввалин роҳбари кории соҳибҷашн – собиқадори меҳнат Зӯҳро Шодиева Карамулло Одиловро бо ин рузи фархунда 70 – умин солгарди мелоди умр таҳният намуда, бо ифтихор аз мардонагиву садоқатмандӣ ва хоксориву поквиҷдонии шогирд, ҳамсабақ ва ҳамкор ёдовар гардиданд.
Ҳамзамон соҳибҷашнро фарзандону пайвандон низ бо рузи таърихии умраш табрик гуфта, аз эҷодиёти худ дар васфи падар, мардонагӣ ва хоксорӣ шеърҳо қироат намуданд. Дар рафти чорабинӣ аз ҷониби бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баҳри болидахотирӣ барномаи рангин бо сурудҳо дар васфи Ватан ва Истиқлол пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
Дар фарҷоми конфронси адабӣ – фарҳангӣ Карамулло Одилов ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода барои қадрдониву эҳтироми хоса минатдории самимӣ баён намуда, ба иштирокдорон китоби тозанашри худро чун армуғон ва барги сабз ҳадя намуд.
Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан
  

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*