Корҳои пешгирии сироятёбӣ аз Коронавирус

Дар шаҳри Истаравшан баҳри пешгирии бемории сироятии Коронавирус мунтазам корҳои профилактикӣ ва фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуда,
имрӯз ситоди фаврӣ таҳти раёсати муовини раиси шаҳри Истаравшан Нигора Наимҷонзода бо иштироки намояндагони шӯъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД, СЭС, Кӯмаки аввалияи тиббӣ санитарӣ, Коллеҷҳои тиббӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, бахши фарҳанг, телевизиони маҳаллӣ ва рӯзномаи “Паёми Истаравшан” оиди ба роҳ мондани корҳои безараргардонӣ ва пешгирии беморӣ доир шуд.
Баромадкунандагон оиди роҳҳои пешгирии сироятёбӣ ва оиди иҷрои корҳои фаҳмондадиҳӣ ахборот пешниҳод намуданд.
РОҲҲОИ СИРОЯТЁБӢ
1. Иртибот бо шахси бемор;
2. Тавассути ҳаво ва оби даҳони шахси сироятёфта;
3. Ҳангоми сару кор бо косаву табақи бемор;
4. Зимни иртибот бо ҳайвони сироятёфта.
РОҲҲОИ ПЕШГИРИ БЕМОРӢ:
1. Қоидахои беҳдошти дастонро риоя кунед! Дастҳоятонро баъди ташноб, пеш аз таом хўрдан, баъди алоқа бо бемори сироятёфта ҳатман бо собун шӯед.
2. Пўшидани ниқобҳои тиббиро дар мавзеҳои серодам фаромўш накунед!
3. Бо ҳайвону паррандаҳҳои ёбоӣ ва шахсони сироятёфта аз алоқа парҳез намоед!
4. Ҳангоми атса ё сулфа бо кафи дастон ё сачоқи намнок (влажная салфетка) даҳонатонро пӯшед!
5. Ҳамагуна меваҷот ва сабзавотро пеш аз истеъмол дар об бодиққат шӯед!
6. Солимии баданро нигоҳ доред, дар ҳолати гирифтори ягон беморӣ будан, зуд паи табобаташ шавед!
Инак, чи хеле мушоҳида кардед, роҳҳои пешгирии ин беморӣ риояи оддитарини қоидаҳои беҳдошти саломатӣ мебошад. Ваксина зидди ин беморӣ то ҳол коркард нашудааст, аммо табобати ин беморӣ бо маводҳои доруворӣ имконпазир аст ва ҳолатҳои табобати пурраи беморон низ қайд гардидааст. Қатъиян риоя намудани ин қоидаҳоро ба шумо тавсия медиҳем.

 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*