КУМАКИ АВВАЛИНИ СОКИНОНИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН БА ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИИИ ДЕҲАИ УРМЕТАНИ НОҲИЯИ АЙНӢ ДАСТРАС ШУД

28 июли соли ҷорӣ дар натиҷаи омадани сел дар маҳаллаи Лангари деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ якчанд манзилҳои истиқоматии сокинони деҳа зарари ҷиддӣ диданд.

Бинобар ин, дар асоси дастуру супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳнамоии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз номи сокинони шаҳри Истаравшан ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи маҳаллаи Лангар кӯмаки аввалия аз зумраи маҳсулоти озуқаворӣ, аз ҷумла орд, равған, гӯшт, биринҷ, макарон, картошка, сабзӣ ва дигар намуди маҳсулот дастрас карда шуд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*