ҲАР ЯК ДАЪВАТШАВАНДАЕ, КИ ИХТИЁРАН САФАРБАР МЕШАВАД, БО ШАҲОДАТНОМАИ РОНАНДАГӢ РОЙГОН ТАЪМИН МЕГАРДАД

1 августи соли ҷорӣ нахустин ҷаласаи ситоди шаҳрӣ оид ба ҷараёни корҳо дар самти баруйхатгирии ҷавонони синни даъватӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Аз рӯи масъалаи мазкур Комиссари ҳарбии шаҳри Истаравшан Аҳад Аҳмадзода гузориш дод.

Дар баррасии масъала раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ибрози андеша карда, дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошт.

Супориш дода шуд, ки ҳар як ҷавоне, ки ихтиёран ба даста номнавис гардида, ба хизмат сафарбар мегардад, аз ҳисоби буҷети шаҳрӣ ба ТММ таҳсил кунонида шуда, ба таври ройгон бо шаҳодатномаи ронандагӣ таъмин мегардад.

Сипас, масъалаҳои сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳр барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024, омодагӣ ба таҷлили ҷашни 32-солагии Истиқлоли давтлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сатҳи тайёрӣ барои ташкил ва баргузор кардани намоиши маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ, ҳунармандӣ, хӯроки миллӣ ва барномаи фарҳангӣ дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе, ки 6 август доир мегардад, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҳамзамон, дар ҳузури иштирокчиён пешниҳодҳои Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Прокуратураи шаҳри Истаравшан муҳокима карда шуданд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*