Кӯмаки навбатии соҳибкори ватанӣ ба ниёзмандон ва оилаҳои камбизоат

Кӯмаки навбатии соҳибкори ватанӣ ба ниёзмандон ва оилаҳои камбизоат
Санаи 19 – уми майи соли ҷорӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан дар ҳамкорӣ бо соҳибкори ватанӣ Абдузамир Абдуғаффоров, ки дар Федератсияи Россия фаъолият дорад ба кормандони самти тандурустии шаҳри Истаравшан ва бемороне ки ба бемории сироятии коронавирус гирифтор шудаанд, кӯмаки яквақтаина дар намуди маводҳои озуқаворӣ аз ҷумла орд (600 халта), равған дар қуттиҳои шартӣ (600 адад) расонида шуд.
Ҳамзамон қайд кардан ба маврид аст, ки аз ҷониби соҳибкори мазкур ба ниёзмандон ва оилаҳои камбизоат кӯмаки молиявӣ ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ расонида шудааст. Дастгирӣ намудани беморону ниёзмандон ва бахусус табибон яке аз амали некӯкорӣ ва савоб арзёбӣ мегардад. Аз ин рӯ мо бояд чун ҳарвақта бо ҳамдигар сарҷамъу муттаҳид ва зираку ҳушёр бошем, неъмати бузургтарини арзишҳои инсониро боло гузошта, онҳоро аз даст надиҳем.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*