КӮМАК БА ҚИСМҲОИ НИЗОМӢ ВА ОИЛАҲОИ ЗАРАРДИДАИ МУНОҚИШАИ САРҲАДӢ

КӮМАК БА ҚИСМҲОИ НИЗОМӢ ВА ОИЛАҲОИ ЗАРАРДИДАИ МУНОҚИШАИ САРҲАДӢ

Дар пайравӣ ба иқдомҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон субҳи 8 майи соли равон масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан дар ҳамкорӣ бо соҳибкори маҳаллӣ Додоев Баҳриддин бо мақсади расонидани ёрии моддӣ ба зарардидагони муноқишаи сарҳадӣ ба деҳаҳои Сомониён ва Ҳоҷи Аълои ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара сафар намуда, ба ҷабрдидагон ёрии башардӯстона расониданд.

Масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва соҳибкори маҳаллӣ дар сӯҳбат бо сокинон ва оилаҳои зарардида ҳамдардии амиқи хешро баён намуда, таъкид доштанд, ки мардуми сарбаланди шаҳри Истаравшан ҳамеша ва дар ҳама маврид дар паҳлуи сокинони деҳоти Ворух қарор доранд.

Умед бар он дорем, ки дигар соҳибкорони Ватани азизамон низ чунин иқдомҳои хайрхоҳона ва башардӯстонаро сармашқи кори худ қарор медиҳанд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*