Машварати кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода

Машварати кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода
8 феврали соли равон дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода машварати корӣ доир гардид, ки дар он муовинони Раиси вилоят, роҳбарии дастгоҳи Раиси вилоят, роҳбарони сохторҳои вилоятӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти дахлдор иштирок доштанд.
Машварати кориро Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба иҷрои дастуру супоришҳое, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари навбатии корӣ ба вилоят баён доштанд, изҳори назар намуда, ҷараёни омодагӣ ба ҷашни бузургу таърихии 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи феълии соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят, аз ҷумла саноату кишоварзиро мавриди баррасӣ қарор дод.
Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷумла изҳор дошт, ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилоят бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагӣ ва иқдомҳои шоиста амалӣ мегарданд.
Муовини якуми Раиси вилоят Хол Ҳайдар оид ба вазъи соҳаи саноати вилоят гузориш дода, аз ҷумла зикр дошт, ки дар соли 2021 бунёди 120 корхонаи саноатӣ ба нақша гирифта шуда, дар моҳи январи соли равон суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ барзиёд таъмин гаштааст.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулини соҳаи саноати вилоят бобати ба фаъолият оғоз намудани корхонаҳои саноатии бозмонда, бо барқ таъмин намудани корхонаҳои навтаъсис, вусъати корҳои геологӣ – иктишофӣ, содироти ҳарчӣ бештари маҳсулоти саноатӣ, эҳёи коргоҳҳои пойафзолдӯзӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Исфара, банду басти маҳсулот бо тарҳи мутобиқ ба талабот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ғайраҳо дастуру супоришҳо дод.
Раҷаббой Аҳмадзода рафти корҳои ободонӣ ва бунёди иншооти ҷашниро дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Исфара, Истаравшан, Айнӣ ва Ҷаббор Расулов мавриди баррасӣ қарор дода, масъулинро вазифадор намуд, ки бобати бо сатҳу сифати баланд ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ, бунёди иншооти мухталифи иҷтимоӣ ва коргоҳҳои истеҳсолӣ, ободу зебо намудани шаҳру деҳот дар доираи иқдоми солҳои 2019 – 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» чораҳои саривақтӣ андешанд.
Дар ҷаласа ҳамзамон, муовинони Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ, Зариф Назирӣ ва Зайнура Азимӣ оид ба вазъи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, аз ҷумла ҷараёни иҷрои лоиҳаҳои сармоягузорӣ, роҳу нақлиёт, вазъи соҳаҳои кишоварзӣ, маориф ва тандурустӣ гузориш пешниҳод намуданд.
Раиси вилоят саҳми кишоварзони вилоятро дар амалӣ шудани ҳадафи миллӣ – таъмини амнияти озуқаворӣ шоиста арзёбӣ намуда, ба масъулин бобати истифодаи самараноки замин, гузаронидани саривақтии кишти баҳорӣ, захираи тухмӣ, омода намудани пойгоҳҳои обкашӣ ба мавсими обрасонӣ, доир намудавни ярмарка – фурӯши ниҳолҳо ва гулу буттаҳои ороишӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳрҳои саноатӣ дастуру супоришҳо дод.
Ҳамзамон, дар машварати кории Раиси вилоят вазъи соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маорифу тандурустӣ ва фарҳанг мавриди баррасӣ қарор гирифта, масъулин бобати дар сатҳи баланд доир намудани ҷашнҳои Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Модар, Наврӯзи байналмилалӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ вазифадор гаштанд.
Манбаъ: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*