“ҶАВОНОН, ПАЁМ ВА МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ” БАРГУЗОРИИ МУЛОҚОТУ ВОХӮРИИ МУОВИНИ ЯКУМИ РАИСИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН НАЗАРЗОДА РИЗО ШОДӢ БО ҶАВОНОНИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАНИ БОСТОНӢ

“ҶАВОНОН, ПАЁМ ВА МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ”
БАРГУЗОРИИ МУЛОҚОТУ ВОХӮРИИ МУОВИНИ ЯКУМИ РАИСИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН НАЗАРЗОДА РИЗО ШОДӢ БО ҶАВОНОНИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАНИ БОСТОНӢ
08.02.2021. ш. Истаравшан
Тибқи барқияи фаврии раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ ва нақша чорабинии раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд мулоқоту вохӯрӣ бо ҷавонони фаъоли Истаравшани бостонӣ бо иштироки муовини якуми Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ризо Шодӣ, муовини раиси шаҳри Истаравшан Наимҷонзода Нигора, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Каримзода Мирзоқосим ва мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Истаравшан Ҳотамҳода Аскар дар мавзӯи “Ҷавонон, Паём ва манфиатҳои миллӣ” баргузор гардид.
Бояд қайд намуд, ки зимни мулоқот муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ризо нуқтаҳои муҳими Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат ба саҳми ҳозирин расонида, ҷавононро ба ободкориву созандагӣ ва муаррифии Ватани азизамон дар арсаи байналмилал ҳидоят намуд. Ҳамзамон иброз намуд, ки омӯзиши забонҳои русиву англисиро дар ҳамбастагӣ бо забони тоҷикӣ пурра ба роҳ монда, аз таъриху фарҳанги миллиамон огоҳ бошем, бисётар ба мутолиаи китобҳо рӯ оварем, ба монанди китоби “Тоҷикон” – и Бобоҷон Ғафуров, “Чеҳраҳои мондагор” ва амсоли инҳо, ки моро бо фидокориву қаҳрамонӣ ва аз таърихи гузаштагонам шинос менамоянд, зеро ояндаи дурахшон аз гузашта маншаъ мегирад.
Дар фарҷоми суханронӣ ҷавононро ба ватандӯстӣ, садоқат ба Ватан, омӯхтани илму касбҳои гуногун даъват намуда, ҳозирин ва дар симои ҳар яки онҳо аҳли оилаашонро бо ҷашни бузург, 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуд.
Дар давоми мулоқот сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Каримзода Мирзоқосим баромад намуда, иброз намуд, ки ҷавонони Истаравшани бостонӣ дар ҳама ҷабҳаи ҳаёти сиёсӣ фаъол буда, зиракиву хушёрии худро аз даст надода, баҳри ободиниву пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ ҳамеша дар талошанд.
Аз номи тамоми ҷавонони саодатманди Истаравшани бостонӣ иштирокчии даври ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва ҳамзамон гирандаи стипендияи раиси шаҳри Истаравшан Ёқубов Фаридун баромад намуд.
Пас аз баргузории мулоқот муовини аввали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ризо аз мусобиқаҳои варзишии намуди гӯштини ҷудо, тенниси рӯи миз, волейбол, шоҳмот ва шашка дидан намуд.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*