МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР ШОҲРОҲИ ДУШАНБЕ – ЧАНОҚ

МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР ШОҲРОҲИ ДУШАНБЕ – ЧАНОҚ
Дар заминаи дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода вобаста ба ободонӣ ва сабзу хуррамгардонии муҳити атроф бо истифода аз рӯзҳои истироҳатӣ дар шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид.
Дар маъракаи ниҳолшинонӣ кормандони Хоҷагии ҷангали шаҳри Истаравшан фаъолона ширкат варзиданд, ки аз ҷониби масъулин зиёда аз 2000 бех ниҳолҳои ороишии “Сада” шинонида шуд.
Ҷоиз ба зикр аст, ки ҷиҳати сазовор истиқбол намудани ҷашни бузурги миллӣ 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Истаравшан шинонидани дарахтони ороишӣ бомаром идома дошта, барои сарсабзу хуррам гардонидани кӯчаву хиёбонҳо, канори роҳҳои асосӣ ва саҳни ташкилоту идораҳо тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида истодааст.
Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*