МАҲФИЛ БА МУНОСИБАТИ 100-СОЛАГИИ АКАДЕМИК РАҶАБ АМОНОВ

1 августи соли ҷорӣ мутобиқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бахшида ба 100 солагии академики Академияи илмҳои Тоҷикистон Раҷаб Амонов маҳфил баргузор гардид.

Нахуст ширкаткунандагон аз намоиши асарҳои илмӣ ва китобҳои шодравон Раҷаб Амонов дидан карданд.

Маҳфилро бо сухани муқаддимавӣ раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла қайд намуд, ки адабиётшинос, нависанда, пажуҳишгари мумтози фолклори тоҷик, академик, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Раҷаб Амонов солҳои зиёде дар Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ фаъолият дошта, аз соли 1958 мудири шуъбаи фолклоршиносӣ буд.

Соли 1968 дар мавзуи «Лирикаи халқии тоҷикӣ» рисолаи докторӣ ҳимоя кардааст. Соли 1976 узви вобаста, соли 1981 узви пайвастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Рисолаи илмиву адабии «Очерки эҷодиёти даҳонакии Кўлоб» (1963), «Аз пайи ҳикмати халқ» (1963), «Асари бадеӣ ва замон» (1970), «Афсонаи сеҳазорсола» (1973), «Қиссаи беди баланд, чанори пургул ва себи Самарқанд» (1981) маҳсули қалами ў ҳастанд. Муаллифи китоби дарсии «Адабиёти тоҷик» барои синфҳои 5 ва 6 (1973-1980) буда, дар навиштани рисолаи шашҷилдаи илмии «Таърихи адабиёти советии тоҷик. Инкишофи жанрҳо» ширкати фаъол доштанд.

Мураттиби маҷмуаҳои «Эҷодиёти даҳонакии Кўлоб» (1956-1963), «Чистонҳо» (1957, ҳамроҳи Я Калонтаров), «Афсонаи халқи тоҷик» (1957, ҳамроҳи К. Улуғзода), «Намунаҳои фолклори диёри Рўдакӣ» (1958,1963, ҳамроҳи М. Шукуров), «Афсонаҳои халқии тоҷикӣ» (Масква, 1960), «Афсонаҳои халқи тоҷик» (1963,1975, 1980) ва ғайра мебошад. Китобҳои бачагонаи «Афсонаҳо барои кўдакон» (1958), «Ҳафт додарон» (1962), «Лаку Пак» (1966), «Меҳрбону» (1967), «Ҳасанак» (1972), «Ҳикояҳои ҳаҷвии халқӣ» (1973) ва ғайра дар таҳриру таҳияи ў ба табъ расидаанд. Барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ (1995) ва Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино (1997). Бо ордену медалу ифтихорномаҳои ҷангию меҳнатӣ сазовор гардидааст.

Дар маҳфил академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Кароматулло Олимов ба сухан баромада, нисбати корҳои илмии Раҷаб Амонов андешаронӣ намуда изҳор кард, ки шодравон Раҷаб Амонов дар рушди илми тоҷик, аз ҷумла дар жанри фолклоршиносӣ саҳми беандоза гузоштааст. Ў ҳамчун фолклоршинос мақола ва маҷмўаҳои илмӣ таҳия ва шогирдони зиёдеро дар ин самт тарбия кардааст.

Хизматҳои Раҷаб Амонов барои миллати тоҷик шоистаи таҳсин буда, имрўз давомдиҳандаи корҳои илмии ў шогирдонаш ба ҳисоб мераванд, афзуд К. Олимов.

Ҳамзамон, дар маҳфил рўзноманигор Сайфулло Маҳкамов, раиси Шўрои собиқадорони шаҳр Абдуваҳҳоб Қаюмов, директори гимназияи №5 ба номи академик Раҷаб Амонов Диловар Азимов, адибон Валиҷон Акбарӣ ва Раънои Зоирдухт хотироти хешро нисбати шодравон Раҷаб Амонов гуфта гузаштанд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*