НИШАСТИ МАТБУОТИИ РАИСИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН БАРГУЗОР ГАРДИД

Нимаи дуюми 3 августи соли 2023 дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП – 1729 “Дар бораи ташкил ва баргузории нишастҳои матбуотӣ дар мақомотҳои давлатӣ” ва нақшаи тасдиқнамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо иштироки намояндагони васоити ахбори оммаи ҷумҳурӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ, муовинони раиси шаҳр, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳо ва роҳбарони сохторҳои марбута нишасти матбуотии раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода баргузор гардид.

Нахуст раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода нишасти матбуотиро ҳусни оғоз бахшида, доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Истаравшан дар нимсолаи аввали соли 2023 маълумоти мушаххас пешниҳод намуд.

Таъкид гардид, ки бо мақсади иҷрои саривақтӣ ва босифати дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди бомайлони иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Истаравшан дар шашмоҳаи аввали соли 2023 таъмин гардид.

Мардуми Истаравшани бостонӣ дар раванди ободкориву созандагӣ, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, рушду тараққиёти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, таҳким бахшидани иқтисодиëти шаҳр кӯшишу ғайрати хешро равона карда истодаанд.

Дар идомаи нишасти матбуотӣ тибқи регламенти қабулгардида, ки тӯли 60 дақиқа муайян шуда буд, аз ҷониби раиси шаҳри Истаравшан ба саволҳои намояндагони васоити ахбори омма аз ҷумла, омодагиҳо ва нақшаи дурнамои сохтмони иншоотҳои ҷашнӣ бахшида ба 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ, сохтори кишт, вазъи роҳу таъминот бо оби нушокии сокинон, вазъи сохтмону азнавсозии муассисаҳои таълимӣ, маданияти шаҳрдорӣ, иштироки корхонаҳои муштарак ва соҳибкорони шаҳр дар ободонӣ ва бунёдкорӣ, вазъи саноати шаҳр, вазъи додани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба сокинон, раванди баргузории аксияи “Шомгоҳи тозагӣ”, сохтмони хонаҳои истиқоматӣ барои омӯзгорон ва кормандони соҳаи тибби шаҳр, шумораи ҷиноятҳои дар нимсолаи аввали соли 2023 содиргардида аз ҷониби занону ноболиғон, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ба монанди ин посухҳо дода шуд.

Дар ҷамъбасти нишасти матбуотӣ раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ба намояндагони васоити ахбори омма барои ҳамкориҳои судманд бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан, тарғиби арзишҳои миллӣ, инъикоси дастовардҳои иҷтимоиву иқтисодии шаҳр ва дастгирии сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат миннатдории хешро изҳор намуд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*