МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗӮИ МУАРРИФИИ БАРНОМАҲОИ ИҚТИСОДИИ ДАВЛАТӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗӮИ МУАРРИФИИ БАРНОМАҲОИ ИҚТИСОДИИ ДАВЛАТӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

23 ноябри соли равон дар шаҳри Истаравшан бо иштироки намояндагони гурӯҳи кории Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси шаҳр Олимҷонзода Толиб ва соҳибкорони шаҳр мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар рафти баргузории мизи мудаввар аз ҷониби масъулини Вазорати рушди иқтисод ва савдо Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, Портали савдои Тоҷикистон ва Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзай дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирокдорон муаррифӣ карда шуд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*