НОМГУЗОРИИ КӮЧА ВА ЛАВҲАИ ХОТИРАВӢ БА НОМИ АКБАР БОБОХОҶАЕВ

НОМГУЗОРИИ КӮЧА ВА ЛАВҲАИ ХОТИРАВӢ БА НОМИ АКБАР БОБОХОҶАЕВ

Ба хотири қадршиносии шахсиятҳои арзанда ва зинда нигоҳ доштани номи неки онҳо дар шаҳри Истаравшан лавҳаи хотиравӣ ва яке аз кӯчаҳои кумитаи маҳаллаи “Дилкушо” ба номи Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, нигаҳдории тандурустии СССР ва ҷамъияти китобдӯстони СССР Акбар Бобохоҷаев гузошта шуд.
Дар маросими мазкур раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода, собиқадорони меҳнат, намояндагони васоити ахбори омма, дӯстдорони китоб, наздикону пайвандон ва ҷавонону наврасон ширкат варзиданд.
Зимни бардоштани парда аз рӯи лавҳаи хотиравӣ ва маросими ёдбуди Акбар Бобохоҷаев раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода суханронӣ намуда, зикр дошт, ки инҷо барои он ҷамъ омадем, ки ба хотири яке аз шахсони барӯманди шаҳр Акбар Бобохоҷаев лавҳаи хотиравӣ гузорем. Дар зиндагӣ нафароне ҳастанд, ки новобаста аз синну сол рисолати созандагии инсонро дарк мекунанд, Бобохоҷаев Акбар аз зумраи нафароне буданд, ки барои пешбурди кори ҷомеа барои атрофиён аз ҳар ҷиҳат кӯмаки моддию маънавии хешро дареғ намедоштанд. Мавсуф бо амалҳои созандаи хеш дар байни мардум ва ёру дӯстон бо хислати хубаш сазовори эҳтиром гардидааст.
Акбар Бобохоҷаев дар тӯли фаъолияташ ҳамчун як инсони қавиирода ва марди асил бо дониши хуби худ фаъолияти пурсамар бурда, ҳамчун мутахассиси соҳаи касби хеш дар ривоҷу равнақи дорухонаҳо ҳиссаи арзанда гузоштааст. Хизматҳои Акбар Бобохоҷаевро ба инобат гирифта ба ӯ “Грамотаи Совети Олии СССР”, “Аълочии нигаҳдории тандурустии СССР”, “Аълочии ҷамъияти китобдӯстони СССР”, “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” додаанд. Ӯ узви Иттифоқи журналистони СССР буда, якчанд китоб ва буклетҳо ба чоп расонидааст. Акбар Бобохоҷаев соҳиби китобхонаи шахсии ҷамъиятикардашуда буда, бо номи “Кошонаи Саъдӣ” машҳур аст, ки зиёда аз 10 ҳазор китобҳои бадеӣ, тиббӣ, сиёсӣ ва илмӣ дорад. Дар зарфи зиёда аз 30 соли мавҷудияти он ҳазорҳо хонандагон аз китобхонааш баҳра бардоштанд.- иброз дошт раиси шаҳри Истаравшан
Ҳамзамон дар маросим рӯзноманигори варзида Сайфулло Махкамов, шоир Валиҷон Акбарӣ ва фарзанди марҳум Анвар Бобохоҷаев суханронӣ намуда, аз кору фаъолият ва хотираҳои наҷиби хеш бо ин шахси бузург ёдовар гардиданд.
Дар фарҷом аз ҷониби хонандагони муассисаи таълимии √59 барномаи пурмӯҳтавои фарҳангӣ-адабӣ пешкаши аҳли нишаст гардонида шуд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

   

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*