Мулоқоти и.в. раиси шаҳр Адҳам Маъмурзода бо собиқадорони меҳнат ва ходимони ҷамъиятии шаҳр

20 ноябри соли 2020 иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода бо собиқадорони меҳнат ва ходимони ҷамъиятии шаҳр мулоқот доир намуд.

Қаблан ба ҳозирин оид ба дастовардҳо ва камбудию мушкилоти мавҷудаи шаҳри Истаравшан иттилои мушаххас пешниҳод гардида, роҷеъ ба ҳалли масъалаҳо аз собиқадорони меҳнат ва ходимони ҷамъиятӣ машварату ҳамкориҳо тақозо карда шуд.

Иштирокдорон ба иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таъин кардани кадри ҷавон ба мансаби раиси шаҳри Истаравшан изҳори миннатдорӣ баён карда, ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ ва дигар масъалаҳои соҳаҳои хоҷагии халқ бо истифода аз таҷрибаи хеш маслиҳатҳои муфид доданд.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*