МУЛОҚОТИ РАИСИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН БО ФАЪОЛОНИ ДЕҲОТИ “ГУЛИ СУРХ”

МУЛОҚОТИ РАИСИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН БО ФАЪОЛОНИ ДЕҲОТИ “ГУЛИ СУРХ”

Субҳи 20 декабри соли равон дар доираи нақшаи корӣ мулоқоти раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода бо сокинон ва фаъолони деҳоти “Гули сурх” доир гардид.

Дар ҷараёни мулоқот раиси шаҳри Истаравшан нахуст аз рафти корҳои ободонӣ, ки дар ҳудуди шаҳр дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тибқи нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида истодаанд, маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Раиси шаҳри Истаравшан зимни суханронии хеш ҳамзамон вобаста ба масъалаҳои ҷойдоштаи ҳудуди ҷамоати мазкур, аз ҷумла, рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, тақвият бахшидан ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ, пешгирӣ кардани таҳсилоти ғайрирасмии динии ҷавонону наврасон, шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгарӣ, масъалаҳои тарбияи насли наврас дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ, таваҷҷуҳ намудан ба азхудкунии фанҳо аз ҷониби хонандагон, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, омода кардани шогирдон ба озмунҳо ва мусобиқаҳои фаннӣ, риояи фарҳанги миллии либоспӯшӣ, пешгирӣ аз ҳолатҳои коррупсионӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз муфассал бо зикри мисолҳои мушаххас ибрози андеша намуд.

Дар мулоқот бо раиси шаҳри Истаравшан сокинони деҳоти болозикр ҷонибдории хешро аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуда, иброз доштанд, ки дар ободониву шукуфоии Ватани азизи хеш саҳми арзандаву созгори худро мегузоранд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*