МАҶЛИСИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ РАИСИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН БАРГУЗОР ГАРДИД

МАҶЛИСИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ РАИСИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН БАРГУЗОР ГАРДИД

Субҳи 19 декабри соли ҷорӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр маҷлиси назоратии назди раиси шаҳри Истаравшан бо иштироки муовинони раиси шаҳр, роҳбарият ва масъулини воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, раисони ҷамоатҳои деҳот ва кумитаи маҳаллаҳо, намояндагони васоити ахбори оммаи шаҳр, роҳбарони самтҳои тандурустӣ, фарҳанг, нигоҳдории роҳ, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва обтаъминкунӣ баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа доир ба масъалаҳои рафти иҷроиши “Барномаи таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030” дар шаҳру деҳоти Истаравшан, рафти иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2022, №АП-188 “Оид ба омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, фаъолияти Ҷамоати деҳоти “Ниҷонӣ” дар 11 моҳи соли 2023, муташаккилона гузаронидани маъракаи қабули обуна ба рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ барои соли 2024, баррасии пешниҳодҳои Прокуратураи шаҳри Истаравшан “Оид ба бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба он мусоидаткарда”, пешниҳоди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати агентӣ дар вилояти Суғд “Оид ба рафъи ҳолатҳое, ки ба содир шудани ҷиноят ва дигар қонуншиканиҳо мусоидат мекунанд” гузориши масъулин шунида шуда, масъалаҳои болозикр мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор дода шуд.

Раиси шаҳри Истаравшан дар ҷамъбасти маҷлиси назоратӣ ба ҳамаи масъулини соҳа ва фаъолони шаҳр вобаста ба ислоҳи камбудиҳои ошкоргардида, худдорӣ намудан аз пешниҳоди маълумотҳои беасос, ҷамъоварии андоз, таъмини иҷрои саривақтии нақша чорабиниҳо доир ба сазовор истиқбол намудани ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон махсусан дар масъалаи бунёди корхонаҳои хурду бузург, сохтмони муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ ва дигар иншоотҳои ҷашнӣ, мумфарш намудани роҳҳо, бунёди боғу гулгаштҳо, мунтазам баргузории корҳои ободонӣ ва инчунин ташкили чорабиниҳои идонаву фарҳангӣ, аёдати кӯдакони ятиму бепарастор, маъюбону пиронсолон, собиқадорон ва афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбии ҳудуди шаҳр бахшида ба Соли нави мелодӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*