МУЛОҚОТИ РАИСИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН БО ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “РАССОМИ БЕҲТАРИН”

МУЛОҚОТИ РАИСИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН БО ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “РАССОМИ БЕҲТАРИН”
Субҳи 13 апрели соли равон раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода донишҷӯёни Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳрро, ки дар озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ таҳти унвони “Рассоми беҳтарин” бахшида ба таҷлили ҷашни таърихии 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат варзида, дар байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ишғол намуданд ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот раиси шаҳри Истаравшан донишҷӯёни коллеҷи мазкурро бо дастоварди навбатиашон таҳният намуда, иброз дошт, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Рассоми беҳтарин” дар сатҳи шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ баргузор гардида, ҷиҳати кашфи падидаҳои нав, рушди навъҳои гуногуни санъату ҳунар ва муаррифии истеъдодҳо заминаи муносиб гузошт.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар озмуни мазкур 6 нафар донишҷӯён аз “Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан” иштирок намуда, Назарова Таҳмина аз рӯи номинатсияи “Бофандагии бадеӣ” ҷойи якум, Ҳаитова Бибизӯҳро аз руйи номинатсияи “Зебосозии либос ва матоъ” ҷойи якум, Иброҳимов Имомалӣ аз рӯи номинатсияи “Санъати ороиши амалӣ” ҷойи дуюм, Ҳамдамов Гулмурод аз рӯи номинатсияи “Коркарди бадеии чӯб” ҷойи дуюм ва Шукуров Сӯҳроб аз рӯйи номинатсияи “Санъати ороиши амалӣ” ҷойи сеюмро ишғол намуданд.
Дар фарҷоми мулоқот барои саҳми назаррас дар омодагии донишҷӯён ба озмуни ҷумҳуриявӣ ва ноил гардидани онҳо ба дастовардҳои навбатӣ раиси шаҳри Истаравшан ба директори Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан” Хоҷаев Насриддин миннатдории самимии хешро баён намуда, ғолибони озмун бо туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадрдонӣ карда шуданд.
Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан
   

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*