КОНФРОНСИ VIII ШӮРОИ СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТ ДОИР ГАРДИД

КОНФРОНСИ VIII ШӮРОИ СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТ ДОИР ГАРДИД
Санаи 14-уми апрел, дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо иштироки муовини раиси шаҳр Нигора Наимҷонзода, муовини раиси шӯрои собиқадорони вилояти Суғд Алиев Шавкат, собиқадорони меҳнат, раисони ҷамоатҳои деҳот, намояндагони васоити ахбори омма, 51 нафар вакилон ва аъзоёни шӯро конфронси VIII Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат баргузор гардид.
Сараввал раиси собиқадорони ҷангу меҳнат Абдуваҳҳоб Қаюмов конфронсро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки аз 10-уми феврал то 12 апрели соли равон дар асоси кори плениуми Шӯрои собиқадорони вилоят ва шаҳр дар 28 ташкилоти ибтидоии собиқадорон маҷлисҳои ҳисоботию интихоботӣ баргузор гардида, ба конфронси VIII Шӯрои собиқадорони шаҳр вакил интихоб карда шуд.
Дар конфронс вакилон ҳайати корӣ, котибот, регламенти корӣ ва рӯзномаи кории конфронс ба овоз гузошта интихоб намуданд. Аз ҷониби вакил Икромов Ортиқбой ҳафт нафар ба ҳайати корӣ аз ҷумла, муовини раиси шурои собиқадорони вилояти Суғд Ҳалимов Шавкат, раиси шурои собиқадорони шаҳр Қаюмов Абдуваҳҳоб, собиқадори ақибгоҳи ҷанг Бобоев Нарзулло, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан Мирзоев Комил, котиби аввали ҳизби коммунистии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан Ашрапова Барно, муовини раиси шаҳр Наимҷонзода Нигора ва нафақагир барои хизматҳои махсус дар ҶТ Тӯраев Қурбон пешниҳод гардиданд, ки вакилон ба тариқи овоздиҳӣ онҳоро ба ҳайати корӣ қабул намуданд.
Сипас аз ҷониби вакилони конфронс масъалаҳо доир ба ҳисоботи Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр дар давраи моҳи апрели соли 2016 то моҳи апрели соли 2021, ҳисоботи комиссияи тадқиқотии Шӯрои собиқадорони шаҳр, интихоби шурои собиқадорони шаҳр, интихоби комиссияи тафтишотии Шурои собиқадорони шаҳр ва интихоби вакилон ба конфренсияи VIII –уми собиқадорони вилояти Суғд мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор дода шуд. Доир ба ҳамаи масъалаҳои муҳокимагардида, қарорҳои дахлдор қабул ва аз ҷониби вакилони конфронс тасдиқ карда шуд.
Дар идомаи конфронс муовини раиси шаҳр Наимҷонзода Нигора, собиқадори меҳнат Тураев Қурбон, раиси Шурои собиқадорони ҷамоати деҳоти Зарҳалол, раиси ҷамоати деҳоти Пошкент, мудири кафедраи коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ, профессор Ҳасанов Н, рӯзноманигор Ҳ. Нарзулло ва дигарон суханронӣ намуда, аз ободиву пешрафт ва дастовардҳои Тоҷикистони биҳиштосо ибрози андеша карданд. Дар фарҷом баҳри табрикоти вакилони конфронси VIII аъзоёни созмони талабагии ба номи «Исмоили Сомонӣ», толибилмони МТМУ №5 ба номи Абӯабдуллоҳи Рудакӣ ташриф оварда, бо барномаи рангини ҳунарӣ ва қироати шеърҳо дар васфи Ватан – Модар табъи иштирокдоронро болида намуданд.
Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан        

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*