МУЛОҚОТИ СУДМАНД БО ТОЛИБИЛМОНИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ РАҚАМИ №59-И ШАҲР

МУЛОҚОТИ СУДМАНД БО ТОЛИБИЛМОНИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ РАҚАМИ №59-И ШАҲР

12 майи соли 2021 дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами №59-и шаҳри Истаравшан кумитаи махаллаи “И.Сомонӣ” мулоқоти судманд бо иштироки толибилмони муассисаи мазкур доир ба мавзуи “Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ аз ҷумла терорризму экстремизм” баргузор гардид.

Вобаста ба мазмуну муҳтавои мавзуи мазкур мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Истаравшан Фирдавс Ҳакимов, сардори Раёсати агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳр Шуҷоат Марупова ва намояндаи шӯъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳр Ганҷина Ғоибова суханронӣ намуда, пешгирӣ, рафъи мушкилотҳо ва роҳҳои ҳалли онро мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор доданд.
Ҳамзамон аз ҷониби мудири Бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Истаравшан муҳтавои фармони Президенти Федератсияи Россия аз 18 апрели соли 2020. №274 “Дар бораи чораҳои ҳуқуқӣ оид ба танзими вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар давраи пандемияи “COVID – 19” шарҳу тавзеҳ дода шуд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*