МУЛОҚОТУ ВОХӮРИҲОИ НАВБАТИИ ГУРУҲҲОИ КОРӢ БО СОКИНОНИ МАҲАЛЛАИ “НАВОБОД” ВА “ЗАФАР”

МУЛОҚОТУ ВОХӮРИҲОИ НАВБАТИИ ГУРУҲҲОИ КОРӢ БО СОКИНОНИ МАҲАЛЛАИ “НАВОБОД” ВА “ЗАФАР”

22 – 23 сентябри соли равон дар асоси нақшаи корие, ки зимни баргузории Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр қабул гардид, мулоқоти навбатии гурӯҳҳои корӣ иборат аз муовини раиси шаҳр Нигора Наимҷонзода, мудири бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Шаҳло Назарова, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар шаҳр Қодиров Абдуқулӣ, имомхатиби масҷиди “Чорбоғ” Н. Баротов ва имомхатиби масҷиди ҷомеъи “Усмони Чархӣ” Ҷ. Бақоев бо сокинон ва фаъолони маҳаллаи “Навобод” ва “Зафар” доир гардид.
Дар мулоқот бо сокинон масъулин доир ба пешгирии падидаҳои номатлуб аз ҷумла терроризм ва экстремизм, пошхурии оилаҳои ҷавон, хушунат дар оила, вазъи иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, ҳамзамон ҷалби ҳарчӣ бештари ҷавонону наврасон, олимону муҳаққиқон ва омузгорон ба озмунҳои “Тоҷикистон – ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ” ва “Илм – фурӯғи маърифат” ибрози ақида намуданд.
Қайд гардид, ки солҳои охир ҳаракатҳои ифротгароӣ ва динию мазҳабӣ бо амалҳои ғайриинсонӣ авзои сиёсии ҷаҳони муосирро ноором карда, ҳаёти инсониятро зери хатар мегузоранд. Терроризм ва ифротгароӣ зуҳуроти номатлуби ҷомеа ба шумор рафта, оқибатҳои ногувор ба бор меорад, ки ин падидаи номатлуб алалхусус байни ҷавонон ба яке аз муаммоҳои рӯз табдил ёфта, оқибатҳои фоҷиабори он тамоми башариятро ба таҳлука овардааст. Аз ин рӯ ҳар як фарди ҷомеа набояд, ба ин зуҳуроти номатлуб, ки бо кирдорҳои ғайриинсонӣ ба сайёра зарар мерасонанд, бетараф бошанд.
Сокинони маҳаллаҳои болозикр зимни мулоқотҳо пешниҳодҳои хешро доир ба пешгирии падидаҳои номатлуб баён намуда, таъкид доштанд, ки дар пайравӣ ба сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободониву созандагӣ ва бунёду азнавсозиро вусъат бахшида, фарзандони хешро дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ, ҳувияту ифтихори миллӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ тарбия менамоянд ва дар пешрафти кишвари азизамон саҳми созгору арзандаи худро мегузоранд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*