МУЛОҚОТҲОИ СУДМАНДИ ГУРӮҲҲОИ КОРӢ БО МАҚСАДИ ПЕШГИРИ НАМУДАНИ ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ МИЁНИ ҶОМЕА

МУЛОҚОТҲОИ СУДМАНДИ ГУРӮҲҲОИ КОРӢ БО МАҚСАДИ ПЕШГИРИ НАМУДАНИ ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ МИЁНИ ҶОМЕА

Дар асоси нақшаи корие, ки зимни баргузории Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр қабул гардид, 22 сентябри соли ҷорӣ мулоқотҳои судманди гурӯҳи корӣ иборат аз и.в. сардори Шуъбаи КДАМ дар шаҳр Қаюмзода Маҳмадулло, сармуҳаррири рӯзномаи Паёми Истаравшан Марупов Акпар, мудири бахши САҲШ дар шаҳр Муртазо Назира ва раиси ҷамоати деҳоти “Нофароҷ” Ҳакимзода Фирӯз бо сокинони деҳаҳои Навобод, Қадамҷо, Ширинчашма, Оби зулол, Даҳяк ва Кунҷок баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот аъзоёни гурӯҳи корӣ доир ба масъалаҳои мавҷудаи ҳудуди деҳаҳои мазкур, аз ҷумла риояи ҳатмии қонунҳои миллӣ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, пешгирӣ кардани таҳсилоти ғайрирасмии динии ҷавонону наврасон, шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгарӣ, масъалаҳои тарбияи насли наврас дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ, таваҷҷуҳ намудан ба азхудкунии фанҳо аз ҷониби хонандагон, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз муфассал бо зикри мисолҳои мушаххас ибрози андеша намуданд.
Зикр гардид, ки бунёди давлати демократӣ ва дунявӣ, ки дар он тамоми ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд таъмин карда мешавад, яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Мутаассифона солҳои охир ҳаракатҳои ифротгароӣ ва динию мазҳабӣ бо амалҳои ғайриинсонӣ авзои сиёсии ҷаҳони муосирро ноором карда, ҳаёти инсониятро зери хатар мегузоранд. Терроризм ва ифротгароӣ зуҳуроти номатлуби ҷомеа ба шумор рафта, оқибатҳои ногувор ба бор меорад, ки ин падидаи номатлуб алалхусус байни ҷавонон ба яке аз муаммоҳои рӯз табдил ёфта, оқибатҳои фоҷиабори он тамоми башариятро ба таҳлука овардааст. Аз ин рӯ ҳар як фарди ҷомеа ба ин зуҳуроти номатлуб, ки бо кирдорҳои ғайриинсонӣ ба сайёра зарар мерасонанд набояд бетараф бошанд. Мебояд, ки бо ин амалҳои мудҳишу ғайриинсонӣ, ки ҷони ҳазоронро зери хатар гузоштааст, муборизаи беамон бурда, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ҷавононро ватандӯсту хештаншинос тарбия намоянд.
Дар идомаи мулоқот чанде аз сокинон суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳамеша дар таълиму тарбияи дурусти насли ҷавон кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод.
Маврид ба зикр аст, ки мулоқоту вохӯриҳо бо ҳамдигарфаҳмии тарафайн ва мубодилаи афкор баргузор карда шуд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*