Мумфаршкунии роҳҳо

Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Истаравшан корҳои созандагиву бунёдкорӣ вусъат гирифта, дар Ҷамоати деҳоти Пошкент 1.3 километр роҳ мумфарш карда шуд.
Оғози мумфаршкунии роҳ бо иштироки Раиси шаҳр Амирхон Қурбонзода ва Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашӯрзода Абдулҳафиз Абду вусъат гирифт .
Қайд шуд, ки корҳои ободонӣ бо дастгирии соҳибкорони ҷамоат, раиси ҷамоат ва кумитаи деҳа, собиқадорони меҳнат ва аҳолӣ роҳандозӣ шудааст.
Дар назар аст, ки рӯзҳои наздик дигар кӯчаҳои ҷамоати Пошкент низ мумфарш карда мешаванд.

 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*