МУСОБИҚАИ “ДЗЮДО” ДАР ШАҲРИ ИСТАРАВШАН

12 апрел дар шаҳри Истаравшан мусобиқаи шаҳрӣ оид ба намуди “Дзюдо” байни варзишгарони солҳои таваллудашон 2003-2005, 2006-2007 ва калонсолон таҳти унвони “Ҷавонон -Паём – Манфиатҳои миллӣ” баргузор гардид.
Бояд қайд намуд, ки дар соли 2020 бо дастгирии Федератсияи байналмилалии дзюдо ва Федератсияи дзюдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ду қолини гӯштингирӣ ба варзишгарони шаҳри Истаравшан тақдим гашт, ки боиси ташкил кардани чор гурӯҳи солимгардонӣ, чор гурӯҳи тайёрии ибтидоӣ иборат аз 120 варзишгар ва рушду равнақи ин риштаи варзишро дар шаҳри Истаравшан таъмин намуда истодааст.

 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*