Маркази тестӣ дар Истаравшан

Дар шахри Истаравшан нуқтаи бақайдгирии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММТНПҶТ) барои бақайдгирии довталабон бо мақсади иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ – 2020 воқеъ дар Гимназияи √5 кори худро оғоз намуд.

Бақайдгирии довталабон аз санаи 2.03.2020 оғоз шуда, то имрӯз зиёда аз якуним хазор нафар довталабон аз қайд гузаштанд. Қабули довталабон дар нуқтаи бақайдгирӣ тибқи ҷадвали тартибнамуда дар мувофиқа бо шӯбаи маорифи шахр ба роҳ монда шудааст.

Нуқтаи бақайдгирӣ дар марҳалаи бақайдгирии асосӣ (аз 01.03.2020 то 15.04.2020) ва марҳалаи асосии азнавбақайдгирӣ (аз 16.04.2020 то 30.04.2020) дар шахр фаъолият мекунад.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*