НАХУСТИН ГИРАНДАГОНИ ҶОИЗАИ РАИСИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН ДАР СОҲАИ МАОРИФ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

Тавре қаблан иттилоъ дода шуда буд, дар пайравӣ ба сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамзамон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои дар Паёми навбатӣ ироагардида бо мақсади дастгирии соҳаи маориф, аз ҷумла ҳавасмандгардонии омузгорон бо қарори раиси шаҳри Истаравшан аз 9 феврали соли 2022 Ҷоизаи раиси шаҳри Истаравшан дар соҳаи маориф таъсис дода шуда буд.

Дар асоси Низомномаи тасдиқшуда ҳаҷми як Ҷоиза ба 10000 (даҳ ҳазор) сомонӣ баробар буда, дар ду сол як маротиба ба 5 нафар (50000 сомонӣ) омузгорони пешсафу навовар, соҳибтаҷрибаю соҳибмактаб ва онҳое, ки шогирдонашон дар озмуну олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ натиҷаҳои назаррасро соҳиб мегарданд, супорида мешавад.

Вобаста ба ин тибқи пешниҳоди комиссияҳо, дар давраи якум 49 номзад ва дар даври дуюм 19 номзад ғолиб дониста шуда, барои муайян кардани ғолибон ба Кумитаи тадорукот манзур карда шуд.

Зимнан, дар натиҷаи омӯзиши ҳаматарафаи ҳуҷҷати номзадҳо, натиҷаи фаъолияти омӯзгории онҳо ва дигар ҷанбаҳои муқарраршуда гирандагони Ҷоизаи раиси шаҳри Истаравшан дар соҳаи маориф муайян гардиданд ва бахшида ба 31-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фарорасии соли нави хониш дар машварати августии омӯзгорон аз ҷониби раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода Ҷоизаҳо дар ҳаҷми 10000 сомонӣ ба 5 нафар омӯзгорони муваффақи Истаравшан тақдим гардиданд.

Ҷоизадорони мазкур дар соли таҳсили 2021-2022 Ҳафиза Отаева – омӯзгори МТМУ №31, Матлуба Тоҷибоева – омӯзгори гимназияи №5, Фурқат Ҳаитов – омӯзгори гимназияи №1,

Мӯъмин Ҷумъаев – омӯзгори МТМУ №40 ва

Ольга Романова-мураббии кӯдакистони рақами №5 мебошанд.

Мавриди зикри хос аст, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 феврали соли 2006, №1698 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф таъсис ёфта буд, ки иқдоми болозикр низ аз фармони мазкур сарчашма мегирад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр гирандагони Ҷоизаи раиси шаҳри Истаравшан дар соҳаи маорифро бо ин дастоварди илмӣ ва оғози соли нави таҳсил табрику таҳният намуда, ба омӯзгорони пуртаҷриба ва пешсафу навовар комёбиву муваффақиятҳои беназирро таманно менамояд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

     

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*