ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МТМУ №19 БА МУНОСИБАТИ РУЗИ ДОНИШ

1 сентябри соли равон ба муносибати Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил бо иштироки раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода, муовини раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода, муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёдулло Абдулзода, прокурори шаҳр Файзулло Бобоҷонзода ва академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Кароматулло Олимов бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 ба номи Олимхон Эшонтӯраев мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 ба номи Олимхон Эшонтӯраев дар деҳаи Боғикалон, ҷамоати деҳоти Гули Сурхи шаҳри Истаравшан ҷойгир буда, дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иқдоми оилаи Эшоновҳо бунёд гардидааст.
Ба иттилои масъулин муассисаи мазкур соли 1964 ташкил гардида, қисми дуюми бинои муассиса соли 2007 сохта шудааст. Дар муассисаи таълимӣ 47 нафар омӯзгорон, аз он ҷумла 32 нафар занон-омузгорони соҳибтаҷриба фаъолият дошта, соли хониши 2021-2022 дар муассисаи таълимӣ 974 нафар хонандагон, аз он ҷумла 504 нафар духтарон дар ду баст ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Сохтмони қисми сеюми бинои муассиса соли 2016 аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ ба тариқи ҳашар оғоз гардида, аз таҳхона(таҳхона дорои 6 синфхона) ва шаш синфхона иборат мебошад, ки сохтмони он нотамом монда буд.
Соли ҷорӣ аз ҷониби оилаи Эшоновҳо сохтмони бинои нотамоми муассиса бо сифати баланд ба итмом расонида шуда, бо таҷҳизотҳои зарурии таълимӣ, аз қабили мизу курсӣ ва тахтаи синфӣ таъмин карда шуд. Иншоот бо истифода аз масолеҳи баландсифати сохтмонӣ бо тарҳу шакли муосир ва ҷавобгӯ ба стандартҳои нави таълимӣ сохта шуда, барои илмомӯзии хонандагон мувофиқу мусоид мебошад.
Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан соҳибкор Ҳадятулло Эшонов бо Сипоснома қадрдонӣ карда шуд.
Раиси шаҳри Истаравшан ва меҳмонон ба муносибати оғози соли нави таҳсил ва рӯзи дониш омӯзгорону хонандагони ин муассисаи таълимиро шодбош гуфта, аз таваҷҷуҳи рӯзафзуни Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати мамлакат нисбат ба соҳаи маориф ёдовар гардиданд. Таъкид гардид, ки ҳамаи ин ғамхориҳо барои ояндаи дурахшони насли наврас мебошад ва дар ҷавоб ба ин ғамхориҳо наврасону ҷавононро мебояд хуб таҳсил намуда, дар оянда ҳамчун фарзандони содиқ ба халқу Ватани худ хизмати шоиста намоянд.
Мавриди зикр аст, ки барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои соҳаи маориф аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан пайваста тадбирҳои муҳиму саривақтӣ андешида мешаванд, ки дар ин замина бо ба истифода додани бинои иловагии таълимии болозикр мушкилоти сокинони атроф вобаста ба норасоии синфхонаҳо ҳалли худро пайдо намуд ва дар ин даргоҳ шароити мусоиди илмомӯзӣ барои хонандагон фароҳам оварда шуд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

   

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*