НАХУСТИН ҶАЛАСАИ ГУРУҲИ КОРӢ ОИД БА ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДОИР ГАРДИД

Субҳи 7 феврали соли ҷорӣ таҳти раёсати раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода нахустин ҷаласаи гуруҳи корӣ оид ба корҳои омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Дар оғози ҷаласа раиси шаҳри Истаравшан руйхати мутасаддиёнро вобаста ба ҳар як ҷамоати деҳот ва кумитаи маҳалла ба ҳозирин шинос карда, дар наздашон вазифагузорӣ карда шуд, ки дар муҳлати ду ҳафта дар маҳалҳо бо соҳибкорону фаъолон мулоқотҳо анҷом дода, руйхати эҳтимолии иншоотҳои сохташавандаро таҳия намоянд. Таъкид гардид, ки иншоотҳои ба нақша воридшаванда бояд фарогири ҳамаи соҳаҳо бошад.
Аз ҷумла мувофиқи мақсад дониста шуд, ки зимни таҳияи нақша ба бунёди иншооти соҳаҳои иҷтимоӣ, маорифу тандурустӣ, гармхонаву сардхона, кандани чоҳҳои амудӣ, азхудкардани заминҳои аз кишоварзӣ берунмонда, таъмиру барқарорсозии роҳу пулҳо, гузаронидани хатҳои оби нӯшокию полезӣ, таъминоти аҳолӣ бо барқ афзалият дода шавад.
Махсусан, хотирнишон гардид, ки дар доираи эълон гардидани солҳои 2022-2026 ҳамчун “Солҳои рушди саноат” ба бунёди корхонаву коргоҳҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ таваҷҷуҳ карда шуда, дар ин ҷода таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба роҳ монда шавад.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан   

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*