НИҲОЛШИНОНӢ ДАР МАВЗЕИ ҶАМЪИЯТИ ДОРОИ МАСЪУЛИЯТАШ МАҲДУДИ “АДЛ”

НИҲОЛШИНОНӢ ДАР МАВЗЕИ ҶАМЪИЯТИ ДОРОИ МАСЪУЛИЯТАШ МАҲДУДИ “АДЛ”
2 марти соли равон баҳри сазовор истиқбол намудани 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ҳавои мусоид дар мавзеи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Адл” бо иштироки Раиси Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ашурзода Абдулҳафиз ва иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид. Дар маъракаи ниҳолшинонӣ беш аз 500 бех ниҳолҳои сояафкан шинонида шуд.
Мавриди зикр аст, ки дар пайравӣ ба иқдомҳои ободониву созандагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободонӣ аз ҷумла маъракаи кабудизоркунӣ, шинондани дарахтони ороишӣ, сояафкан, мевадиҳанда ва ҳамешасабз дар шаҳри Истаравшан ба ҳукми анъана даромада, корҳо дар ин самт рӯз то рӯз вусъат ёфта истодааст.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*