Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”

Имрӯзҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи шаҳр даври аввали озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” оғоз гардидааст. Аз ҷумла дар гимназияи №2 шаҳри Истаравшан даври аввали озмун бо иштироки наздики 50 довталаб доир гардид. Хонандагон аз ашъори шоирони классику муосири тоҷик кироат намуда, аз рӯйи номинатсияхои адабиёти классикӣ, муосир ва бачагона донишу маҳорати худро намоиш доданд. Тавре раиси комиссияи доварон, директори гимназия Рустам Раҳматов иброз намуд: “Маъмурияти гимназия барои дар сатҳи баланд баргузор шудани озмун ва рӯй овардани хонандагон ба китобхонӣ ҳамаи тадбирҳоро андешида, фонди китобхонаи мактабро аз ҳисоби китобҳои бадеӣ ғанӣ гардонид. Ин аст, ки шумораи довталабон нисбат ба соли гузашта ба маротиб афзуд.”
Бояд гуфт, ки ҳангоми гузаронидани озмун чораҳои пешгирии гирифторӣ ба бемории коронавирус андешида шуда, озмун дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардид. Ғолибони озмун бо ифтихорномаҳои маъмурияти гимназия қадр карда шуданд.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*