ОЗМУНИ ШАҲРИИ «БЕҲТАРИН ШАҲРАКУ ДЕҲОТ, ДЕҲА, МАҲАЛЛИ АҲОЛИНИШИН ВА ХОНАИ ИСТИҚОМАТӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ташкил ва баргузории озмуни шаҳрӣ “Беҳтарин шаҳраку деҳот, деҳа, маҳалли аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ”, ки дар Паёми соли гузашта ироа гардида буд, ва бахшида ба 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори дахлдори раиси шаҳри Истаравшан озмуни мазкур ташкил ва баргузор гардид, ки 10 январи соли 2024 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо иштироки раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода, роҳбари гурўҳи кории Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашўрзода Абдулҳафиз ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ маросими қадрдонии беҳтаринҳо доир гардид.

Озмуни шаҳрии “Беҳтарин шаҳраку деҳот, деҳа, маҳалли аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ” аз рӯи 6 номинатсия аз ҷумла,“Беҳтарин ҷамоати деҳот дар соли 2023”,“Беҳтарин шаҳрак дар соли 2023”, “Беҳтарин маҳалла дар соли 2023”,“Беҳтарин деҳа дар соли 2023”,“Беҳтарин кӯча дар соли 2023” ва “Беҳтарин хонаи истиқоматӣ дар соли 2023” баргузор гардида, бо қарори аъзоёни комиссияи озмун дар номинатсияҳои “Беҳтарин ҷамоати деҳот дар соли 2023” ҷои якум ҷамоати деҳоти “Сабристон”, ҷои дуюм ҷамоати деҳоти “Чорбоғ” ва ҷои сеюм ҷамоати деҳоти “Ниҷонӣ”, дар номинатсияи “Беҳтарин шаҳрак дар соли 2023″ ҷои якум шаҳраки “Истаравшан”- и деҳоти “Зарҳалол”, ҷои дуюм шаҳраки Курушкада ва ҷои сеюм шаҳраки “Дилшод”-и деҳоти “Қалъачаи Калон”, дар номинатсияи “Беҳтарин маҳалла дар соли 2023” ҷои якум маҳаллаи “Ваҳдат”, ҷои дуюм маҳаллаи “Навобод” ва ҷои сеюм маҳаллаи “Зафар”, дар номинатсияи “Беҳтарин деҳа дар соли 2023” ҷои якум деҳаи Яккабоғи деҳоти “Пошкент”, ҷои дуюм деҳаи Равғангарони деҳоти “Гули Сурх” ва ҷои сеюм деҳаи Оби Зулоли деҳоти “Нофароҷ”, дар номинатсияи “Беҳтарин кӯча дар соли 2023” ҷои якум кӯчаи “Баҳористон”-и маҳаллаи “Дилкушо”, ҷои дуюм кӯчаи “Қалъачаи Бакавули”-и деҳоти “Ҷавкандак” ва ҷои сеюм кӯчаи “Қалъаи Баланди”-и деҳоти “Қалъаи Баланд”, дар номинатсияи “Беҳтарин хонаи истиқоматӣ дар соли 2023” ҷои якум хонаи оилаи Бойҷоновҳо дар маҳаллаи “О. Лутфӣ”, ҷои дуюм хонаи оилаи Қурбоновҳо дар маҳаллаи “Уротеппа” ва ҷои сеюм хонаи оилаи Ашуровҳо дар маҳаллаи “Имоми Аъзам” дониста шуда, раисони ҷамоатҳои деҳот, маҳаллаҳо ва соҳибони беҳтарин хонаҳо аз ҷониби роҳбарият бо дипломҳои дараҷаи 1,2 ва 3 сарфароз гардонида шуданд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*