НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИВУ ИҚТИСОДИИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН ДАР СОЛИ 2023 ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

Дар асоси нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд субҳи 10 январи соли 2024 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан бо иштироки раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода, роҳбари гурўҳи кории Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашўрзода Абдулҳафиз, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ ҷаласаи фаъолони шаҳр доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр дар соли 2023 баргузор гардид, ки дар кори ҷаласа муовинони раиси шаҳр, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисон ва масъулини ҷамоатҳои деҳот, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ, директорони бонкҳо ва дигар шахсони масъул ширкат варзиданд.

Сараввал роҷеъ ба натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳр дар соли 2023 муовини раиси шаҳри Истаравшан Олимҷонзода Толиб Ҳомид ҳисобот дода, зикр дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр фаъолияти худро баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамзамон роҳнамоии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода равона намуда, ба як қатор пешравиҳои назаррас ноил гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра роҳбарияти шаҳр таваҷҷӯҳи асосии худро ба рушди соҳаи саноати шаҳр, тозагиву ободонӣ, бунёдкориву созандагӣ ва баланд бардоштани маърифати экологии шаҳрвандон равона намуд.

Дар баррасӣ ва музокираи масъалаҳо вобаста ба камбудиву норасогиҳо, мушкилоти мавҷуда ва нишондодҳое, ки аз рӯи дурнамо иҷро нагардиданд, аз муовинони раиси шаҳр, сардорони раёсатҳо, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва дигар масъулини соҳаҳои дахлдор пурсиш гузаронида шуда, фаъолияти ҳамаи самтҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд ва муовинони раиси шаҳр – сарпарастони соҳа барои ислоҳи камбудиҳо вазифадор карда шуда, шуъбаи рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, нозироти андоз, раёсати молия вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати рушди соҳаи саноат дар шаҳр, барқарорсозии корхонаҳои саноатии аз фаъолият бозмонда, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, дастгирии соҳибкорон, саривақт ва босифат ҷамъоварӣ намудани андоз аз ҳамаи восита, имконият ва захираҳои мавҷуда самаранок истифода намоянд.

Ҳамзамон, роҳбари гурўҳи кории Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашўрзода Абдулҳафиз, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ дар баромадҳои хеш нишондиҳандаҳои асосии хоҷагии халқи шаҳрро таҳлил намуда, вобаста ба бартараф кардани мушкилот ва ҳалли масъалаҳои ҷойдошта ибрози андеша намуданд ва таъкид ба амал оварданд, ки дар фаъолияти оянда ҳамаи кӯшишу ғайрат ба бартараф намудани камбудиҳо равона карда шаванд.

Дар фарҷоми кори ҷаласа раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода барои фаъолияти босамари минбаъда дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошта, иброз дошт, ки маҳз аз баракати сулҳу суботи комил, ваҳдату сарҷамъии миллат ва талошу заҳмати пайгиронаи мардуми кишвар, таҳти сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи ҳисоботӣ нишондиҳандаҳои иҷтимоиву иқтисодии шаҳр рӯ ба афзоиш оварда, раванди татбиқи ҳадафҳои миллӣ ва иҷрои барномаҳои давлатӣ дар шаҳр густариши тоза пайдо намуд ва рушди устувори ҳамаи соҳаҳо таъмин гардид.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*