ОҒОЗИ СОХТМОНИ БИНОИ БУНГОҲИ ТИББӢ ДАР ШАҲРАКИ КУРУШКАДА

Субҳи 12 августи соли ҷорӣ бо иштироки раиси шаҳри Истаравшан ва сокинони маҳал дар шаҳраки Курушкада барои сохтмони бинои бунгоҳи тиббӣ оғоз бахшида шуд.

Тавре иттилоъ дода шуд, бунгоҳи тиббии мазкур бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва сокинони маҳаллӣ бунёд гардида, аз ду ошёна иборат мегардад.

Зимни гузоштани санги асос раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ба масъулини дахлдор ҷиҳати дар муҳлати муайянгардида ва бо сифати баланд ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*