МУЛОҚОТ БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН ДАР ҶАМОАТҲОИ ДЕҲОТИ “ГУЛИ СУРХ” ВА “НИҶОНӢ”

Нимаи дуюми 9 августи соли ҷорӣ дар асоси ҷадвали тасдиқшудаи баргузории вохўрии вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд бо интихобкунандагон мулоқоти вакили маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии “Гули сурх”, №33, раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода бо интихобкунандагон аз ҷамоатҳои деҳоти “Гули сурх” ва “Ниҷонӣ” доир гардид.

Нахуст вакили вилоятӣ вобаста ба ҳадафи баргузории мулоқоти мазкур, татбиқи қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, аз ҷумла ташкили ҷойҳои нави корӣ, самаранок истифода бурдани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, гирифтани се-чор ҳосил аз заминҳои корам, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, омода намудани хонандагон ба озмуну мусобиқаҳои фаннӣ, риояи фарҳанги миллии либоспӯшӣ, пешгирӣ кардани таҳсилоти ғайрирасмии динии ҷавонону наврасон, шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгарӣ, дар муддати панҷ соли оянда ба касбу ҳунаромўзӣ ҷалб кардани шаҳрвандони аз 18-сола боло, бо касбу ҳунаромўзӣ фаро гирифтани писарону духтароне, ки пас аз гирифтани таҳсилоти асосӣ таҳсилотро тарк намудаанд, инчунин дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз ибрози андеша намуд.

Зимни баргузории мулоқот таваҷҷуҳи асосӣ ба заҳматҳои шабонарузии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу субот дар кишвар ва минтақа нигаронида шуда, доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр, махсусан дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ маълумот дода шуд. Қайд гардид, ки ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан, арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва ҳифз намудани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ мебошад.

Пас аз суханронии вакили вилоятӣ дар фарҷоми мулоқот интихобкунандагон доир ба ҳалли муаммоҳои ҷойдошта муроҷиат намуда, инчунин андешаҳои хешро дар самти ободониву созандагӣ манзур намуданд ва бо шукргузорӣ аз сулҳу амонӣ ва беҳтар гардидани шароити зист ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории самимонаи хешро баён доштанд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*