ПАРЧАМ – РАМЗИ ОЗОДИИ МИЛЛАТ ВА СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ДАВЛАТ

ПАРЧАМ – РАМЗИ ОЗОДИИ МИЛЛАТ ВА СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ДАВЛАТ

Ҳамасола дар сартосари кишвар 24-уми ноябр рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иди миллӣ бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрӣ ҷашн гирифта мешавад, зеро ки маҳз рӯзи 24 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи навбатии Шӯрои Олии Тоҷикистон Парчами миллии Тоҷикистон қабул гардидааст.
Ба ин муносибат 24 ноябри соли равон дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Дар маҷлиси тантанавӣ раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Саидамин Исомаддинзода, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, воҳидҳои сохторӣ, зиёиён, намояндагони васоити ахбори омма, директорони муассисаҳои таълимии шаҳр, кормандони соҳаҳои мухталифи шаҳр, собиқадорони меҳнат ва ҷавонону наврасон ширкат варзиданд.
Пас аз садо додани Суруди миллӣ ва ба толор ворид гардидани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода аҳли нишаст ва тамоми сокинони шарафманди Истаравшани бостониро бо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, ба ҳамагон саодату саломатии бардавом, рӯзгори ободу осуда, хонадони пур аз нуру зиё, комёбиҳои беназир ва ба Тоҷикистони офтобӣ осмони софу парафшонии ҷовидонаи Парчами саодати миллатро таманно намуд.
Раиси шаҳри Истаравшан дар суханронии хеш зикр дошт, ки боиси ифтихору сарфарозии тамоми мардуми шарифи кишвар аст, ки имсол Рӯзи Парчами давлатии Ватани маҳбубамонро дар фарҷоми соли таърихӣ 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар руҳияи баланди Ватандӯстиву меҳанпарастӣ истиқбол мегирем.
Воқеан, Парчам рамзи сарҷамъиву иттиҳод, нишони соҳибдавлативу соҳибистиқлолият, омили муттаҳидсозии мардум, заминаи худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихор аз ватану ватандорӣ маҳсуб ёфта, таҳти ин Ливои муқаддас халқи шарифи мо ба сӯи ояндаи ободу дурахшон қадамҳои устувор гузошта истодаанд. Миллати тоҷик беш аз 6000 сол пеш соҳиби Парчам, яъне дирафши худ буд, ки сарчашмаҳои таърихӣ онро исбот мекунанд. Махсусан дар «Таърихи Табарӣ» омадааст, ки «Дирафши Коваёнӣ аз пусти шер буд ва подшоҳон онро ба зевар биёростанд ва зару симу гавҳар бар он пушонданд. Онро ахтари Коваëнӣ низ меномиданд…”. Таърихи парчамдорӣ баёнгарӣ он аст, ки ниёгони сарбаланди мо шаъну шарафи дирафши худро чи дар дохили кишвар, чи дар набардхои сарнавиштсоз нигаҳбонӣ кардаанд.
Мусаллам аст, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар бо ҳидоят ва роҳнамоиҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эҳтирому арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчами давлатӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуда, ин тадбири муҳим ҳамчун яке аз омилҳои тарбияи насли шоистаи замон ва сарҷамъии мардум амалӣ мегардад. Ба таъбири ҳикматомӯзи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Парчами миллӣ мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳуввияти миллии мардуми фарҳангии мо буда, мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст”.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан низ баҳри гиромидошти рамзҳои давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ ҷаҳду талош намуда, дар ин самт бо парафшон намудани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Майдони Парчами давлатӣ ҳамчун омили хештаншиносӣ ва худогоҳии миллии насли наврасу ҷавон амалӣ гардонида, баҳри таҷлили хотирмони Рӯзи Парчами давлатӣ иқдомоти шоёнеро рӯи кор гирифтааст. Итминони комил дорем, ки дар оянда низ ҳар як фарди бонангу номуси Ватан аз парафшонии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу субот шукргузорӣ намуда, бо азму иродаи қавӣ дар рушди босуботи кишвар, хосатан дар корҳои ободонию созандагӣ саҳмгузорӣ намуда, рисолати бузурги шаҳрвандии худро сарбаландона иҷро хоҳанд кард.
Бо чунин таманниёти беназир бори дигар Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кулли ҳамдиёрони азиз таҳният гуфта, тани сиҳат, рӯзгори босаодат ва ба Тоҷикистони азизу муқаддас пешрафту шукуфоии ҷовидонӣ таманно дорам. Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамдиёрони азиз!- иброз дошт раиси шаҳри Истаравшан.
Дар идома, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Саидамин Исомаддинзода паёми шодбошии раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба самъи ҳозирин расонида, кулли сокинони сарбаланди шаҳри Истаравшани бостониро ба муносибати ин рӯзи фархунда шодбош гуфт ва ба аҳли нишаст хотирҷамъӣ ва ба Ватани азизамон сарсабзию шукуфоӣ ва сулҳу осоиши пойдор орзу намуд.
Дар қисмати дуюми маҷлиси тантанавӣ аз ҷониби бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барномаи пурмӯҳтавои идона ва рангини ҳунарӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуда, ба чорабинии ҷашнӣ ҳусну таровати тоза зам намуд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

                

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*