Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Иди Сада

Сокинони шарафманди вилоят Иди миллии Садаро дар рӯзҳое таҷлил менамоянд, ки тамоми мардуми сарбаланди кишвари азизамон таҳти таасуроти амиқи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паёми солонаашон вобаста ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ баён доштанд, қарор доранд.
Ба ин муносибат кулли сокинони вилоятро бо фарорасии ин ҷашни фархундаи бостонӣ сидқан табрику муборакбод гуфта, барояшон сиҳату саломатӣ, дастархони обод, хотири ҷамъ ва бахту саодати бардавом орзу менамоям.
Боиси сарфарозист, ки маҳз тавассути ташаббусҳои шоистаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расму оинҳои бостонии ниёгон, ки дар байни онҳо ҷой ва мақоми ҷашнҳои миллию мардумии Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада хоса мебошад, аз нав эҳё ва аз ҷониби аҳли ҷомеа ба хубӣ пазируфта шуданд.
Сарчашмаҳои илмию фарҳангӣ бар он ишорат мекунанд, ки Иди Сада моҳиятан ифодакунандаи чира гардидани равшанӣ бар торикӣ, нур бар зулмот, гармӣ бар сардӣ, некӣ бар бадӣ буда, дар вуҷуди худ ормонҳои неки гузаштагонро маҳфуз доштааст, зеро пас аз он хуршед бештар намудор гардида, заминро гармтар мекарду одамон ба мавсими кишту кори баҳорӣ ва Наврӯз наздиктар мешуданд. Аз ин лиҳоз, дар ин ҷашни мардумӣ аз як тараф рамзи ҷовидонагии хуршед ва муқаддас донистани оташ ва аз ҷониби дигар робитаи инсон бо табиат равшан инъикос ёфтаанд.
Имрӯз мардуми тоҷик Иди Садаро чун рамзи бедории оғози табиат, омодагӣ ба мавсимӣ кишту кор ва амалу нақшаҳои фаъолияти минбаъда, марҳилаи ҷадиди орзуҳои нек истиқбол мегиранд, зеро нақши анъанаю суннатҳои неки гузаштагонамон, ки дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд, ҷиҳати баланд бардоштани нақши тамаддунсозии миллати тоҷик аҳмияти бештар доранд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд сол муқаддам ҳангоми нахустин бор ҷашн гирифтани ҷашни Меҳргон ишора карданд, ки “барои халқи тоҷик ҷашни Сада мисли ҷашни Меҳргон таърихи қадим дорад ва бояд аз нав эҳё гардад”. Инак, ҳоло сол то сол дар тамоми гӯшаву канори кишварамон Иди Сада чун ҷашнҳои дигари миллӣ дар сатҳи баланд таҷлил мегардад.
Итминони комил дорам, ки Иди Сада мисли Наврӯз ва Меҳргон ба унвони ҷашни миллию мардумӣ ва мероси маънавии халқи тоҷик дар соли барои халқу миллат таърихии омодагиҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи кишоварзӣ, боғдориву гулпарварӣ, зироаткорӣ ва дар маҷмуъ барои бунёдкориву ободонӣ ва тарғиби ахлоқи ҳамида дар байни мардуми кишвар мусоидат хоҳад намуд.
Иди Сада муборак, ҳамдиёрони азиз!

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*