Баргузории хониши сиёсӣ пеш аз оғози машқи пагоҳирӯзӣ

30 январи соли ҷорӣ пеш аз оғози машқи пагоҳирӯзӣ бо ташаббуси мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Истаравшан Ҳотамзода Аскар хониши сиёсӣ таҳти унвони “Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст!” баргузор гардид, ки доир ба мавзуҳои “Солимии инсон аз варзиш аст!”, бурдборҳои варзишгарони ҷавон аз рӯйи намудҳои гуногуни варзиш ва ҷалб намудани ҷавонон ба варзиш суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон мудири бахши фарҳанги шаҳр Назарова Шаҳло низ суханронӣ намуда, таъмини иштироки варзишгаронро ба намудҳои гуногуни озмунҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ иброз намуданд.
БО ВАРЗИШ МАШҒУЛ ШАВЕД ВА ҲАЁТИ ҲУДРО БОЗ ҲАМ РАНГИНУ ЗЕБО ГАРДОНЕД!

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*