ПАЁМ САРМАШҚИ КОРИ ҲАР ЯК ФАРДИ БОНАНГУ НОМУСИ МИЛЛАТ!

Тибқи нақшаи чорабиниҳои раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд санаи 26 феврали соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан мулоқоти судманд вобаста ба тарғиби Паёми Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олӣ баргузор гардид.
Дар мулоқот муовини якуми раиси шаҳр Абдусаттор Қодирӣ, нозири калони шӯъбаи муқовимат бо коррупсияи раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Нарзиён Васлибек, сармутахассиси шӯъбаи муқовимат бо коррупсияи раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Қурбонзода Баҳром, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, кормандони соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла тандурустӣ, фарҳанг, маориф ва ғайра иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст муовини якуми раиси шаҳр Абдусаттор Қодирӣ мулоқотро ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки Паёми Пешвои муаззами миллат дар ҳақиқат санади тақдирсоз ва роҳнамо барои ояндаи дурахшон буда, ҳамасола самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии кишварро муайян месозад ва иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои дар Паём ироа гардида, барои ҳар яки мо ҳамчун шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ буда, рушди иқтисоди миллӣ ва баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум аз он вобаста мебошад.
Сипас нозири калони шӯъбаи муқовимат бо коррупсияи раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Нарзиён Васлибек доир ба нуқтаҳои муҳимтарини Паёми Пешвои муаззами миллат ибрози ақида намуда, зикр дошт, ки коррупсия кирдори номатлубест, ки пояҳои давлатдориро заиф гардонида, боиси паст гаштани сатҳи зиндагии мардум мегардад. Дар натиҷаи содир гардидани кирдорҳои коррупсионӣ муносибатҳои ҷамъиятӣ вайрон гардида, тавозуни он низ аз байн меравад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуданд “Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад. Аз ин лиҳоз, барои пешгирӣ кардани кирдорҳои коррупсионӣ, фароҳам овардани фазои оштинопазир ба он ва ба ин раванд ҷалб намудани тамоми мақомоти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷониби субъектҳои мубориза бар зидди коррупсия бояд чораҷӯӣ карда шавад”.
Ҳамзамон зимни мулоқоти мазкур қайд гардид, ки Паём ҳамчун ҳуҷҷати созанда мардуми кишварро ба фардои обод раҳнамун сохта, татбиқи босамари он некӯаҳволӣ ва зиндагии шоистаи сокинонро таъмин менамояд.
Мавриди зикр аст, ки имрӯз ҳар як сокини шаҳри бостонии Истаравшан Паёми Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори худ карда, ҷиҳати дар амал татбиқ намудан ва иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои ироа гардида камари ҳиммат бастаанд.
  

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*