РАИСИ ШАҲР СОБИҚАДОРОНИ СОҲАИ МАОРИФ ВА ТАНДУРУСТИРО БА МУНОСИБАТИ СОЛИ НАВ ШОДБОШ ГУФТ

29 декабри соли ҷорӣ раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ҷиҳати иҷрои дастуру супориши Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади арҷгузорӣ ба заҳматҳои собиқадорон ба дидорбинии якчанд кормандони соҳаи маориф рафт.

Аз ҷумла, дар ин рӯз Зарофат Абдуваҳобова, ки солҳои тӯлонӣ ба ҳайси омӯзгор ва директори МТМУ №5 фаъолият карда, айни ҳол давлатӣ пирӣ меронад, аёдат карда шуд.

Инчунин, Матлуба Мухторова – собиқадори соҳаи маориф, собиқ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан, Абдуманнон Амонов собиқ директори МТМУ №35-и деҳаи Даҳяк ва Сайфулло Расулов собиқ директори мактабҳои №28 ва №43 дидорбинӣ карда шуданд.

Ҳамзамон, раиси шаҳри Истаравшан ба манзили истиқоматии собиқадорони соҳаи тандурустии шаҳри Истаравшан Муҳаммадӣ Ҳоҷиев, Ғуфронхон Мӯсоев, Ниҳол Ҳасанова ва Икром Холбоев омада, бо табибони ҳозиқ, ки барои рушди соҳаи тандурустӣ ва тайёр кардани кадрҳо дар шаҳр саҳм гузоштаанд, суҳбати самимӣ анҷом дод.

Дар ин раванд собиқ раиси ҷамоати деҳоти “Нофароҷ” Саттор Ҷӯраев низ аёдат карда шуд.

Собиқадорони соҳаи маорифу тандурустии шаҳр аз дастгириҳои пайвастаи Роҳбарияти Олии кишвар дар самти мактабу маориф, тандурустиву ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ изҳорӣ қаноатмандӣ карда, барои пойдории сулҳу ваҳдат ва пешрафти минбаъдаи кишвар дасти дуо бардоштанд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*