ОСОРХОНАИ АДИБОНИ “ДОИРАИ АДАБИИ ИСТАРАВШАН” БА НОМИ САИДУМАРИ СУЛТОН ГУЗОШТА ШУД

Дар Осорхонаи адибони “Доираи адабии Истаравшан” ба муносибати номгузорӣ гардидани муассисаи мазкур ба номи муҳаққиқ ва адабиётшинос Саидумари Султон 27 декабри соли 2023 бо иштироки муовини раиси шаҳри Истаравшан Олимҷонзода Толиб, шоирону нависандагон, рӯзноманигорон, ҳамкорону шогирдон ва аҳли пайвандон маросими расмии номгузорӣ доир гардид.

Зимни суханронии хеш дар ин маросим муовини раиси шаҳри Истаравшан Олимҷонзода Толиб ва аҳли адаби шаҳр доир ба ҳаёту фаъолият ва саҳми Саидумари Султон дар пешрафти илму адабиёти шаҳр ва тарбияи насли наврас ибрози андеша намуда, зикр доштанд, ки хизмати софдилона бар нафъи халқу ҷамъият чун ҳаккокие рӯйи санг нест, ки бо гузашти айём, аз таъсири боду борон сутуда шавад. Яке аз чунин фидокорони ватану миллат муҳаққиқ, адабиётшинос, рузноманигори варзида, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, шодравон устод Саидумари Султон аст, ки кору номи некаш ҷовидонист. Саидумари Султон-олим, пажӯҳишгар ва суханвари шинохтаи тоҷик аз зумраи донишмандоне буданд, ки умри бобаракат дида, аз наваду панҷ соли зиндагии хеш бештар аз ҳафтоду панҷ солро ба таҳқиқи осори шоирони гузашта бахшидааст. Дар давоми фаъолияти хеш Саидумари Султон мероси адабии 1212 шоирони Истаравшанӣ, 400 шоирони Хуҷандӣ, 75 шоирони Исфара ва 110 шоирони Хатлонзаминро таҳқиқ намудааст.

Яке аз хислатҳои муҳими фаъолияти эҷодии Саидумари Султон ин осори ба дигарон номаълум ва ё аз назари муҳаққиқон дур мондаро пайдо намуда, ба доираи таҳқиқ гирифтан буд. Ин донишманди пуркор дар ибтидои солҳои шастуми асри гузашта кори пурсамари тадқиқотӣ ва матншиносиро иҷро намуда, аввалин шуда осори мунтахаби Хоҷа Ҳусайни Кангуртиро таҳқиқ ва ба табъ расонидааст.

Олим, муҳаққиқ ва сарсупурдаи мероси ғании ниёгон бахусус доираи адабии Истаравшан, ҳастии худ, муҳаббати худ, дилу дидаи худро барои зинда гардонидани таърихи Истаравшан ва шоирону олимони ин кишвар бахшидааст. Сайидумари Султон яке аз ташаббускорон ва муаллифони китоби “Қомуси Истаравшан” низ мебошад. Асарҳои илмиву адабии олим-«Мунтахабот»-и Мухаммадҳусайни Хатлонӣ (Кангуртӣ), «Гули худрӯ», «Таърихи доираи адабии Истаравшан дар ниммаи дувуми асри XVII ва аввали асри XIX”, «Нобиғаҳои Истаравшан ва достони Рустамбек”, «Наҷҷори Истаравшанӣ», «Наҷди Муғ», «Султони мулки сухан», «Сайфи Исфарангӣ», «Ашъори садранг» ва ғайраҳо мебошанд.

16-уми июли соли 2021 қалби ин адабиётшиноси шинохта, аз таппиш бозмонд. Вале кору пайкори устод зиндаву ҷовидона аст. Бо мақсади абадигардонии ёди нек ва кору пайкори шоистаи Саидумари Султон Бахши Истаравшании Иттифоқи журналистони Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки Осорхонаи адибони “Доираи адабии Истаравшан” ба номи ӯ гузошта шавад. Ин иқдом аз ҷониби фаъолони шаҳр дастгирӣ ёфта, қарори маҷлиси вакилони халқи шаҳри Истаравшан таҳти №284, аз 26 сентябри соли 2023 «Дар бораи номгузорӣ намудани Осорхонаи адибони “Доираи адабии Истаравшан”» қабул гардида, ба тасвиб расид. Имрӯз ин Осорхона бо номи ин марди накӯ ифтихор дошта, дар баробари ин сабти номаш дар китоби таърих хотираи ӯро абадӣ мегардонад.

Дар маросими номгузорӣ баҳри болидахотирии аҳли нишаст аз ҷониби ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр суруду таронаҳо аз эҷодиёти шодравон ва саҳнаҳои тарбиявӣ пешкаш карда шуд.

Ҳамзамон дар маросими номгузорӣ муовини раиси шаҳр Олимҷонзода Толиб ба муносибати Соли нави мелодӣ якқатор адибону аъзоёни Иттифоқи нависандагони шаҳрро аз номи Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода табрику таҳният намуда, ба онҳо туҳфаҳои идона тақдим намуд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*