Рӯзи кормандони тиб

Ҳамасола дар саросари кишвари азизамон 18-уми август ҳамчун Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҷашн гирифта мешавад.
Бо иштироки кормандони соҳаи тиб дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан бахшида ба ин сана чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Раиси шаҳри Истаравшан Амирхон Қурбонзода ҳамаи табибон ва кормандони соҳаи тандурустиро аз самими қалб табрик намуда, дарозумрӣ, тансиҳатӣ, осмони софу беғубор таманно намуд.
Амирхон Қурбонзода иброз дошт, ки Рӯзи касбии кормандони соҳаи тиб бо рӯзи мавлуди алломаи бузург Абӯалӣ ибни Сино алоқамандӣ дорад ва умед бар он мебандад, ки пайравони ин фарди бузург ҳамарӯза дар хизмати халқ омода буда, баҳри беҳтар кардани сифати хизмати тиббӣ ва беҳдошти ҳифзи саломатии аҳолӣ саъю кӯшиши бештар мекунанд.
Дар рафти чорабинӣ ба фаъолони соҳаи тиб сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии раиси шаҳр тақдим шуда, 2 нафар соҳиби унвони “Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон” гардиданд.
Санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр таҳти роҳбарии Шарифҷон Сангинов бо сурудҳои дилошӯб чорабиниро рангин гардониданд.

 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*