Мулоқот оиди таҷлили 5500-солагии Саразми бостонӣ

Мулоқот оиди таҷлили 5500-солагии Саразми бостонӣ.
Имрӯз – 25 август, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мулоқоти муовини раиси шаҳри Истаравшан Нигора Наимҷонзода,
Алиҷон Одинаев – дотсенти Донишгоҳи Давлатии Ҳуқуқ ва бизнес ва Абдукарим
Бобоев – сармуаллими Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи Давлатии технологии Тоҷикистон бо намояндагони раёсати маориф, бахши фарҳанг ва хонандагони коллеҷу литсейҳои шаҳр ҷиҳати фаҳмонидани моҳияти тантанаҳои 5500-солагии
Саразми бостонӣ, 700-солагии Камоли Хуҷандӣ, оид ба пешгирии ҳодисаҳои номатлуби экстремизм ва терроризм ва баланд бардоштани эҳсоси худшиносию худогоҳӣ дар байни ҷомеа баргузор шуд.

Гуфта шуд, ки Саразм ҳамчун нодиртарин ёдгории тамаддуни бостонии Осиёи Миёна, маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон дар таърих ҷойгоҳи махсусро дорад.
Омӯхтан ва таҳқиқ кардани мероси бостонӣ, ҳифзи арзишу суннатҳои милливу мардумӣ ва ёдгориҳои таърихӣ, таҳқиқи ҷиддии мероси гаронбаҳои гузаштаи тоҷикон, ёдгориҳои фарҳангӣ ва тарғиби суннатҳои мардумӣ вазифаи муҳимтарини намояндагони илму маориф, аҳли эҷод ва ҳамаи зиёиёни кишвар мебошад.

Дар ибтидои соли 2000 – ум Сарвари давлат аз ёдгории Саразм дидан намуда, супориш дода буданд, ки корҳои муваққатан пӯшонидан ва обод кардани шаҳрак роҳандозӣ гардад ва омӯзишу таҳқиқоти бостоншиносӣ дар ин мавзеъ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шавад.

Саразм яке аз ёдгориҳои бостонии диёрамон маҳсуб ёфта, 15 километр дуртар аз маркази шаҳри Панҷакент ҷойгир аст. Он соли 1976 кашф шуда, масоҳати умумии ёдгорӣ аз 90 гектар иборат мебошад. Кофтуковҳои археологӣ аз соли 1977 шурӯъ ва дар 3 объект ҳафриёт гузаронида шуда, то имрӯз идома дорад.
Бошишгоҳи Саразм давоми маданияти мезолит ва неолити ин диёр мебошад.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*