Сафари кории Раиси вилояти Суғд ба шаҳри Истаравшан

     19 январ Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Истаравшан сафари корӣ анҷом дод.
Зимни сафар Раиси вилоят нахуст ба манзили Бобоев Насимҷон, сокини Ҷамоати деҳоти Зарҳалол ташриф оварда, бо захираи маводии ғизоии ин оила шинос шуд. Оилаи Бобоевҳо аз ҳашт нафар иборат буда, замини наздиҳавлигии онҳо 0,08 га мебошад. Бобоев Насимҷон ва аҳли оилаи ӯ аз қитъаи замини наздиҳавлигии худ самаранок истифода бурда, дар ҳавлии хеш гармхонаи хурд ташкил намудаанд, ки дар он кӯчати помидор, қаламфури булғорӣ ва кабудиҳо парвариш карда мешавад. Насимҷон ва фарзандонаш ҳамзамон барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани фасли зимистон маҳсулоти ниёзи аввал, аз ҷумла орд, равған, картошка, пиёз, биринҷ, шакар, макарон, асал, мавизу чормағз ва консерваҳоро захира намудаанд.
Раиси вилоят ҳини суҳбат бо оилаи Бобоевҳо таъкид кард, ки захира намудани маҳсулот барои рӯзғор анъанаи хуби мардуми тоҷик буда, бояд ҳар як оила бо истифода аз имконоти худ маҳсулоти барои рӯзгор заруриро нигаҳдорӣ намояд. Сипас, Раиси вилоят дар Ҷамоати деҳоти Зарҳалол собиқадори меҳант Роҳат Азимова аёдат кард. Роҳат Азимова 1 октябри соли 1948 дар деҳаи Лакат таваллуд ёфта, беш аз 40 сол дар хоҷагии қишлоқ кор кардааст. Ӯ соҳиби 7 фарзанд ва 45 набераву абера буда, дар иҳоати фарзандону наберагон зиндагии осоишта
дорад.
     Раҷаббой Аҳмадзода аснои суҳбат бо собиқадор иброз дошт, ки роҳбарияти вилоят бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии нафақагирон ва собиқадорони ҷангу меҳнат пайваста ғамхорӣ намуда, ба ин қишри ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*