Ситод оид ба пешгирии бемориҳо

26 апрел дар толори МИҲД-и шаҳри Истаравшан ситоди навбатӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19″ таҳти раёсати муовини раиси шаҳр Нигора Наимҷонзода, бо иштироки намояндаҳои Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони Ҷамоатҳои деҳот ва Кумитаи маҳаллаҳо ва роҳбарони корхонаву ташкилот баргузор гардид.

Дар ҷаласа бо қарори ситоди ҷумҳуриявӣ ҷиҳати ҳифзи солимии ҷомеа ва бехатарии аҳолӣ, махсусан кӯдакону наврасон дар муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ шурӯъ аз рӯзи 27-уми апрел то 10 –уми майи соли 2020 муваққатан таътил эълон карда шуд.

Ҳамчунин оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус бо назардошти вазъияти мураккаби иқтисодию иҷтимоӣ дар ҷаҳон ва бо мақсади таҳкими амнияти озуқаворию таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ватанӣ аз таърихи 25-уми апрели соли 2020 муваққатан аз ҳудуди ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар содирот кардани ҳама гуна маҳсулоти ғалладонагию лубиёгиҳо, аз қабили орду гандум, шолӣ, биринҷ, наск, нахӯду мош, тухми паранда, картошка ва ҳама намуди гӯшт манъ гардид.

Ҳамчунин дар муваққатан ташкил ва гузаронидани ҳамагуна чорабиниҳои оммавӣ, аз қабили машварату ҳамоишҳо ва чорабиниҳои варзишӣ манъ карда шуд.

Шавкат Ҳасанов

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*