Тарғиби Паём дар муассисаи тиббӣ

 

6.01.2020. Бо мақсади тарғиби Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни қишрҳои ҷомеа дар толори беморхонаи марказӣ мулоқоти гурўҳи корӣ бо табибону кормандони тибби шаҳр доир гардид. Мулоқотро муовини раиси шаҳр Нигора Наимҷонзода оғоз бахшида зикр намуд, ки Паём роҳнамои солонаи ниҳодҳои давлатӣ ва мардуми кишвар буда, роҳи минбаъдаи рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакатро муайян месозад. Дар паёми имсолаи роҳбари давлат низ масъалаҳои муҳим мавриди таҳлил қарор гирифтанд. Ҳар як иқдоми Ҳукумати мамлакат, ки дар паём зикр гардид, ба хотири таъмини зиндагии шоистаи шаҳрвандон роҳандозӣ мешавад.

Судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Даврон Ҳошимзода нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро тавзеҳ дода қайд кард, ки расидан ба истиқлолияти энергетикӣ яке аз дастовардҳои намоёни даврони соҳибихтиёрии кишвар мебошад. Дар баробари иқдомҳои байналмилалии Тоҷикистон дар масъалаи об як қатор лоиҳаҳои таъминоти аҳолии мамлакат бо оби тозаи нўшокӣ низ амалӣ мегардад. Анҷоми ин лоиҳаҳо баҳри ҳифзи тандурустии шаҳрвандон низ мусоидат менамояд. Ҳошимзода зикр кард, ки танҳо соли гузашта дар Истаравшан наздики 25 чоҳи амудӣ кофта шуд, ки баҳри таъмини сокинон бо оби тоза қадами боэътимод аст. Намояндаи Суди конститутсионӣ доир ба масъалаҳои рушди сайёҳӣ, соҳибкорӣ, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, буҷети давлатӣ, ҳифзи пиряхҳо, баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа изҳори назар кард.

Намояндаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳр Муаззама Абдуваҳҳобова масъалаи омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатиро ёдрас намуда, қайд кард: «Роҳбари давлат зимни ироаи Паём ба соҳибкорони мамлакат изҳори миннатдорӣ карданд. Инчунин, таъкид намуданд, ки созандагиву ободониро ҳар сокин аз хонаву дари худ оғоз намояд».

Мулоқотро муовини раиси шаҳр Нигора Наимҷонзода ҷамъбаст намуда, изҳори боварӣ кард, ки кормандони тиб дар тарғиби Паёми сарвари давлат кўшида, ҷиҳати амалӣ кардани ҳадафҳои Ҳукумати Тоҷикистон камари ҳиммат мебанданд.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*