Ҷамъбасти соли 2019 дар шӯрои собиқадорон  

   27-уми декабри соли 2019 дар маҷлисгоҳи китобхонаи марказӣ ҷаласаи ҷамъбастии шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр баргузор гардид. Раиси шӯро Абдуваҳҳоб қаюмов доир ба фаъолияти шӯро дар соли 2019 маърӯза кард. Гуфта шуд, ки Шӯрои собиқадорони шаҳр 27 ташкилоти ибтидоӣ ва 5 зершӯроро мутттаҳид менамояд. Дар қайди ин ташкилот 7 нафар маъюб ва иштирокчии ҶБВ, 114 заҳматкаши ақибгоҳ (аз онҳо 34 нафар дорои медали «Барои меҳнати шоён дар солҳои ҶБВ 1941-1945 ва 80 нафар онҳое, ки дар солҳои ҶБВ на кам аз 6 моҳ кор ё хизмат кардаанд), 51 нафар нафақир барои хизматҳои махсус дар назди ҶТ, 10 нафақагири вилоятӣ, 416 нафар собиқадори меҳнат, онҳое, ки бо ордену медалҳо мукофотонида шудаанд, меистанд. Тибқи омори то 1-уми декабр шумораи нафақахӯрон 22421 нафарро ташкил дод.

Дар шӯро масъалаи омодагӣ ба ҷашни 75-солагии Ғалаба дар ҶБВ баррасӣ гардид. Раиси шӯро иброз намуд, ки вобаста ба ин як қатор тадбирҳо андешида шудаанд. Аз ҷумла, 12 июни соли 2019 дар Пленуми чоруми Шӯрои собиқадорони шаҳр вазифаҳои ташкилоти собиқадорон оид ба сазовор пешвоз гирифтани ин ҷашн муайян карда шуд.

Давоми соли 2019 Шӯрои собиқадорон бо дастгирии МИҲД, ҷамоатҳои деҳот, кумитаи маҳаллаҳо оид ба гиромидошти хотираи собиқадорони ҷангу меҳнат, баргузории зодрӯзи онҳо, ташкили ёдбуди собиқадорони барӯманд, номгузории кӯча, муассисаҳои таълимӣ, иншоотҳои маданӣ-варзишӣ, гузоштани нимпайкараҳо ва лавҳаҳои хотира корҳои зиёд анҷом дод.  Дар соли 2019 МТМУ №1 ба номи собиқадори ақибгоҳи ҶБВ, омӯзгори хизматнишондодаи ҷумҳурӣ Набиҷон қодиров гузошта ва дар даромадгоҳи муассиса нимпайкарааш монда шуд. қарори маҷлиси вакилони шаҳр дар бораи ба номи омӯзгор Абдуманнон Ҷабборов гузошта шудани МТМУ №16 ба МИҲД-и вилоят пешниҳод гардид. Бахшида ба 95-солагии мавлуди иштирокчиёни ҶБВ Ш. Нарзуллоев, А. Адҳамов, бародарон Холиқовҳо, бахшида ба 90-солагии корманди ВКД Т. Башиков, иштирокчиёни ҶБВ М. Ҳусейнов, А. Ҳасанов, М. Охунов, З. Аҳмадов маҳфилҳои ёдбуд гузаронида, дар ҳавлии онҳо лавҳаҳои хотира гузошта шуданд. Якчанд кӯча ба номи иштирокчиёни ҶБВ ва нафақагирони аҳамияти ҷумҳуриявӣ Мӯсо Ҳусейнов, Абдуқаҳҳор Ҳасанов, Роза Ҳакимова, Салоҳиддин Ҳасанов, Ҳайит Муъминов номгузорӣ шуд. Ин кори хайр ҳоло идома ёфта истодааст.

Дар рӯзномаҳои шаҳрӣ таҳти рубрикаи махсус «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст» оид ба фаъолият ва корнамоии иштирокчиёни ҶБВ пайваста мавод ба табъ мерасад. Илова бар ин, бахшида ба ҷашни Ғалабаи бузург рӯзноманигор Сайфулло Маҳкамов дар китоби «Абадзиндагон» дар бораи корнамоии ҷангии 47 иштирокчии ҶБВ мавод ва расмҳо ба табъ расонид. Нусхаҳои китоб ба шӯроҳои вилоят ва ҷумҳурӣ ирсол гардид. Ба ҷуз ин, гурӯҳи кории эҷодӣ бо роҳбарии академики АИ ҶТ Кароматулло Олимов дар сари «қомуси Истаравшан» заҳмат мекашанд. Дар ин донишнома маълумот дар бораи иштирокчиёни ҶБВ ва афроди барӯманди арсаи меҳнат ҷой дода мешавад.

Ҳифзи иҷтимоӣ, тандурустӣ ва истироҳати собиқадорон аз масъалаҳои асосӣ дар фаъолияти шӯро мебошад. Вобаста ба ин шӯро ба қабули собиқадорон, баррасии мактубҳои онҳо аҳамияти даркорӣ медиҳад. Дар соли 2019 ба шӯро 27 муроҷиати хаттӣ оид ба ҷудо кардани роҳхат ба осоишгоҳ дохил шуда, аз он 23 ариза қонеъ карда шуд. 4 ариза барои иҷро ба соли 2020 монда шуд. Дар 11 моҳи соли 2019 ба дастгоҳи шӯро 162 нафар муроҷиат кардаанд. 80 муроҷиат аз тарафи раиси шӯро, 32 муроҷиат аз ҷониби муовини раис ва 50 муроҷиат аз ҷониби котиб пазируфта шудаанд.

Бо дастгирии МИҲД-и шаҳр, як қатор муассисаҳо ва соҳибкорон собиқадорон ба ғамхорӣ фаро гирифта мешаванд. Аз ҷониби МИҲД бо дастгирии соҳибкорон соли 2019 3 аробачаи маъюбӣ, 2 асо, 1 айнак, 1 таҷҳизоти шунавоӣ ҷудо гардида, ба 4 собиқадор дандонҳои сунъӣ монда шуд. Дар арафаи 74-солагии Ғалаба дар ҶБВ ба ҳар иштирокчии ҶБВ (8 нафар) ба андозаи 1000 сомонӣ, ба 124 собиқадори ақибгоҳ садсомонӣ кӯмаки яквақта ҷудо шуд. Аз ҳисоби фонди захиравии МИҲД ба 13 нафар нафақагири вилоятӣ аз 55 то 137 сомонӣ иловапулӣ дода мешавад.

Бо қарори раиси шаҳр ва раисони ҷамоатҳои деҳот ба ҳар як иштирокчии ҶБВ, собиқадори ақибгоҳи ҷанг ташкилот, муассиса ё хоҷагие ба сифати сарпараст вобаста шуда, маъмурияти ин ташкилотҳо барои  кӯмаки молиявӣ ва аёдати мунтазам масъулиятро ба дӯш гирифтаанд. Дар ин амали хайр КМ «Оби зулол», Идораи беҳдошти замин ва обёрӣ, ҶС «Хуросони Истаравшан», Бозори марказӣ, бонкҳои «Эсхата», «Ориён», раёсати маориф, корхонаи обу канализатсия фаъол ва намунаи ибрат мебошанд.

МИҲД-и шаҳр барои хариди дорувори ройгон ба собиқадорони имтиёздошта моҳе 1200 ва дар як сол 14400 сомонӣ маблағ ҷудо мекунад. Соли 2019 ба 40 нафар собиқадор роҳхати ройгон ба осоишгоҳҳои «Соҳил», «Уротеппа», «Авитсеннаи Истаравшан», «Ҳавотоғ» ҷудо гардид. Ба нафақагирон барои хизматҳои махсус дар назди ҶТ дар ду сол як маротиба роҳхат ва  ё 1100 сомонӣ маблағ пардохт мешавад. Дар муассисаҳои тиббӣ ба собиқадорон бенавбат хизмат расонида мешавад. Бо пешниҳоди шӯро ва супориши МИҲД соле ду маротиба гурӯҳи мутахассисони тиб ба манзилҳои  иштирокчиёни ҶБВ ва собиқадорони ақибгоҳи ҷанг рафта муоинаи тиббӣ мегузаронанд.

А. Қаюмов қайд намуд, ки маблағгузории Шӯрои собиқадорон аз ҳисоби буҷаи шаҳр буда, дар соли 2019 ҳамагӣ 39820 сомониро ташкил дод. Маблағи мазкур аз рӯйи харҷномаи раёсати молия барои музди меҳнати кормандон, андозҳо, фонди нафақа, хариди ангишт барои собиқадорон, роҳхат ба осоишгоҳҳо, аёдати беморон, сафари хизматӣ хароҷот карда мешавад. Хароҷоти мақсадноки маблағро  комиссияи тафтишотии шӯро назорат бурда, барои муҳокима ба Шӯро пешниҳод мекунад.

Гуфтан бамаврид аст, ки шӯро ҷиҳати пайванди наслҳо нақшаи чорабиниҳо таҳия намуда, дар ҳамкорӣ бо дигар муассисаҳо, хусусан бо раёсати маориф, шуъбаи кор бо занон ва оила, ташкилотҳои ҷавонон, шӯрои собиқадорони ҷанги Афғонистон чорабиниҳои босамар баргузор менамояд. Дар соли 2019 низ ҷашнҳои миллӣ ва дигар санаҳои таърихӣ дар муассисаҳои таълимӣ бо иштироки собиқадорон доир гардиданд.

Дар ҷаласа аъзои шӯро Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро мавриди  баррасӣ қарор доданд. Ҳозирин Паёми Пешвои миллатро чун дастури солонаи амал  эътироф намуда, нуктаҳои ҷолиби онро тавзеҳ доданд.

Дар ҷаласа ҳамчунин муовини раиси Шӯрои собиқадорони вилояти Суғд Ш. Алиев, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Ғ. Неъматов, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ Х. Шоматов (ҷ/д «Зарҳалол»), К. Раҳимов (маҳаллаи «Ю. Баротбеков»), Ш. Шораҳимов (м.«Абӯалӣ Сино»), Р. Юлдошев (ШВКД), В. Раҳмонов (ҶС «Телеком») баромад карданд.

Ҷаласаро раиси шӯро А. қаюмов ҷамъбаст намуда, изҳор кард, ки вазифаи ташкилот дастгириву пуштибонии моддиву маънавии собиқадорон буда, ҷиҳати анҷом додани нақшаҳои созанда ва тарбияи маънавии насли наврас ҳамкории дигар ниҳодҳои ҷомеа зарур мебошад.

 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*